Сиёсат

«Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест»

 

Мо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Селгаи ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут дар асоси ҳидоят ва сиёсати ободкоронаи Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори  худ қарор дода, дар таълиму тарбияи насли наврас тамоми қувва, нерӯ ва таҷрибаи худро равона менамоем.

Баробари интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар иҷлосияи 16-уми соли 1992 дар баробари ҷавон буданаш дар ҷодаи сиёсат қадамҳои нахустинро ҷасурона гузошт.

Ваъдаи аввалине, ки ба мардум иброз дошт, ин ба сарзамини порагаштаи тоҷикон сулҳ оварда, барои ба ватани хеш баргардонидани гурезаҳо аз хоки давлатҳои ҳамсоя қадами устувор гузошт. Ин буд ки ягона умеди мардум ба гуфтаҳои ӯ равона шуда буд. Дар ин хусус бузурге фармудааст:

Хизмат баланд дар, ки мардони рӯзгор

Аз хизмати баланд ба ҷое расиданд.

Сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ буд, ки аз рӯзҳои аввал ба мардум аз наздик вохӯрӣ гузаронида, боварии мардумро сазовор шуд ва рӯз то рӯз ба шарофати хизматҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба яке аз мамлакатҳои амн дар қатори 10 мамлакати дунё қарор гирифт. Мутаассифона дар баробари пешравиҳои ҷумҳуриямон гуруҳҳое буданд, ки ба амнияти давлати мо халал ворид менамуданд. Аз ҷумла гуруҳи террористоне, ки дар роҳи Душанбде – Данғара дар таърихи 28 июли соли 2018 ба қатлу куштори сайёҳони хориҷӣ даст заданд, сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут, деҳаи Селга Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, Маҷидов Асомиддин Ёрматович амали ноҷавонмардонаи онҳо моро мутаассифона ба ташвиш овард. Зеро ин амалро бо фармони хоҷагони хориҷӣ ва ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ амалӣ намуданд. Ин рӯйдод амали нангин буд, ки барои халалдор намудани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳи пойдории тоҷикон мебошад.

То имрӯз аъзоёни ҲНИ дар хориҷа бо истифодаи маблағҳои хоҷагони худ дар сомонаҳои Интернет ва Фейсбук бар зидди давлату ҳукумат ва миллати худ ҳар гуна иғвоҳои фитнаангез паҳн менамоянд. Хурсандона имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дарк намудааст, ки нияту нақшаи нопоки онҳоро дастгирӣ намекунанд. Аз ҷумла роҳбари собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо хешу табор ва пайравонаш ба хориҷа фирор намуда, бо ақидаву нақшаҳои нопоки хоҷагони худ шарм надошта аз минбарҳои сиёсӣ, пофишорӣ намуда, пешравиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери танқид мегиранд, чунки онҳо роҳи бозгашт ба ватан надоранд. Аз ин лиҳоз мо сокинони деҳа ва омӯзгорони муассисаи мазкур сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро дареғ надошта, мо мехоҳем, ки ҳамеша Сарвари мо соябони халқи тоҷик бошад.

 

 

 

Директори МТМУ №8                               Қувватов А

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *