10 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи роҳбарон ва фаъолони ноҳия, инчунин муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой иштирок карданд. Дар ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Ҳ.Нидозода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 гузориши муфассал дод. Дар гузориш ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти аҳли заҳмат дар соли сипаришуда таҳлилу баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо ба 270,7 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 76,7 миллион сомонӣ расонида шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷет дар соли 2024 100,3 фоиз иҷро гардид, ки ин 44 млн.433,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Пардохти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 12 млн. 582 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки баробари 116 фоиз аст. Дар маҷмуъ, қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 56 млн. 932,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин баробари 103,3 фоиз мебошад. Бо вуҷуди ин бақияи қарзи корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо, махсусан андози иҷтимоӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2025 6 млн.270,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба ҷои 119 млн. сомонии муқарраршуда 118,6 млн. сомонӣ ё ба андозаи 99,7 фоизи нақша иҷро шуд. Дар давраи сипаригардида маоши миёнаи моҳона ба 1531,1 сомонӣ баробар аст, ки нисбати соли гузашта 22,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Шумораи умумии нафақахўрони ноҳия ба 1 январи соли 2025 11010 нафарро ташкил медиҳанд. Нафақаи ҳамаи нафақахўрон, аз ҷумла нафақаҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, маъюбон, ятимони кулл пурра пардохт карда шудааст ва ин масъала ҳамеша зери назорат аст.
Тибқи маълумотҳо дар соли 2024 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ барои фаъолияти ҳамаи бахшу соҳаҳо 66,2 млн.сомонӣ равона карда шуд. Инчунин аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон ба тариқи бонкҳои зикршуда дар ин давра 27,8 млн.доллари ИМА интиқол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 1,2 млн.доллар зиёд аст.
Дар соли 2024 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1140 нафар барои пайдо кардани ҷои корӣ муроҷиат карданд. Аз ин шумора 522 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра 12 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 432 ҷои кории холӣ гузаронида шуд: 334 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ, мавсими ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ рў ба рушд ниҳода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 926,5 млн.сомониро ташкил дод. Кишоварзон дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 20102 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 7589 гектар, зироатҳои техникӣ 7036 гектар, пахта 6722 гектар, картошка 1278 гектар, сабзавот 2266 гектар, полезӣ 590 гектар, хўроки чорво 1634 гектарро ташкил медиҳад. Дар натиҷа 66486 тонна ғалладонагӣ, 2877 тонна пахта, 22826 тонна картошка, 117708 тонна сабзавот,40272 тонна полезӣ, 39122 воҳиди хўроки чорво, 15485 тонна меваҷот, 9614 тонна гўшт, 33990 тонна шир, 5,7 млн. дона тухм, 204 тонна пашм, 11,5 тонна пила истеҳсол карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки истеҳсоли пахта 2868 тонна, ё ки 17,9 фоизи нақшаро ташкил дод, ки ин таъсири манфии худро, албатта, ба рушди чандин соҳа расонидааст.
Баъдан Ҳ.Нидозода дар гузориш соҳаҳои боғу токпарварӣ, моҳипарварӣ, фаъолияти Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, ҳолати кори шабакаҳои обдиҳӣ, пойгоҳҳо, мушкилоту норасоиҳо дар ин самт, фаъолитяти Бахши ҳифзи муҳити зист, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, бурду бохти кормандони ҷангал, саноатикунонии босуръат,камбудию норасогиҳо дар ин соҳа, фаъолияти кормандони Шабакаи барқ, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, фаъолияти сохтмончиён, омодагӣ ба фасли сармо, соҳилмустаҳкамкунӣ, бартараф кардани офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз сўхтор ва амсоли инҳо барин масъалаҳоро ҳаматарафа таҳлил намуд.
Сипас, мавсуф ба таҳлили фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, бахши ҷавонон ва варзиш, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, бахшҳои занон ва оила, танзими ҷашну маросим, рафти иҷрои қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», ҳолати иҷроиши «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025», иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, корҳо оид ба эълон шудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва дигар дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуданд, ҳамаҷониба гузориш дод.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаласаро баъди баррасии масъалаи рўзнома иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ҳусни анҷом бахшид.
Фозилҷон нуров