Хабарҳо

Варзиш – омили солимии ҷомеа

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Дави миллӣ баргузор гардида истодааст. Ташкили чунин чорабинӣ, ки бевосита  бо дастгириҳо ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам оммавитар гардонидани варзиш гузаронида мешавад, ба хотири солимии ҷомеа, хосса ҷавонон нигаронида шудааст. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки машғул шудан ба варзиш   сармоя гузоштан ба саломати ва ҳаёти худ аст.

 Ба ҳамин хотир, дар маркази ноҳия бо иштироки намояндагони мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,ташкилоту муассисаҳо,соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонону варзишгорон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ   таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллатанд” доир гардид.

Дар ифтитоҳ раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. иштирокчиёни чорабиниро, ки дар он намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ноҳия иштирок доштанд, ба Рӯзи Дави миллӣ табрику таҳият гуфта, таъкид намуд, ки мақсади асосии ин чорабинӣ мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон,солимии ҷомеа ва ташаккули тарзи ҳаёти солиму оммавитар гардонидани варзиш мебошад Ин аст, ки имрӯз ҷавонону варзишгарони ноҳияи мо дар чорабиниҳои варзишии сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва берун аз он иштрок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.Варзишгарони ноҳия борҳо  дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят  бо медалҳо ва ҷойҳсои ифтихорию сипосномаҳо сарфароз шудаанд.

Баъд аз суханронии раиси ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарон дар ин маъракаи муҳим ба се гурӯҳ ҷудо шуда,калонсолон ва ҷавонону наврасон мувофиқи қобилияташон ҳунарнамоӣ карданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин чорабинӣ саҳми кормандони мақомоти иҷроия, маориф, тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигарон назаррас буда,ҷавонон қобилияти худро нишон доданд.Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2500 нафар сокинони ноҳия иштирок доштанд ва онҳо масофаи зиёда аз 3 километрро тай намуданд.

Ҳамҷунини дар ин ҳамоиши варзишӣ марафони велосипедронӣ низ ташкил шуда буд, ки онҳо дар масофаи муқарраршуда қобилияту истедоди  ронандагии худро нишон доданд.

Баъди анҷоми Дави миллӣ иштирокҷиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, бо ифтихорномаҳою  туҳфаҳои хотиравии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш  сарфароз гардонида шуданд.   

Тазаккур додан ба маврид аст, ки Дави миллӣ на фақат дар маркази ноҳия, балки дар таълимгоҳҳою ҷамоатҳо ва корхонаҳо низ бо шукӯҳу шаҳомати махсус баргузор шуд.

Дави милли дар ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию  фарҳангӣ гузаронида шуд.

 

                                                                 Н.Фозилҷон, П.Нуров

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *