Тибқи Барқияи ҳукуматии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2024 ва маҷлисҳои дигари Ҳукумат баён доштанд, ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, № АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои кори аз 3 то 9 июни соли 2024 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вобасташуда сафарҳои корӣ анҷом доданд.
Гурӯҳҳои корӣ вазъи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 16 феврали соли 2024, № 24/10-23 дар хусуси ҳалли мушкилоти маҳал, ки дар маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 24 январи соли 2024 баён гардида буданд, таҳлил намуда, ҷиҳати ҳалли онҳо якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор чораҳои амалӣ андешанд ва ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷагирӣ аз нишондодҳои ҷаласаи ҷамъбастӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Рухшона Насриддинзода ва аъзоёни гурӯҳ Исомуддин Исомиддин Шарифзода, ба ноҳия омада, дар маҳаллаҳо ва деҳаҳою ҷамоатҳо ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои сарвари кишварро, ки дар маҷлисҳои болозикр ҳамчунин рафти иҷрои супоришҳои дар мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динни кишвар додашударо мушоҳида, баррасӣ ва натиҷагирӣ карда, иҷрои онҳоро барои кулли мардумӣ ноҳия ҳатмӣ шумориданд.
Гурӯҳи кориро муовини раиси ноҳия П.Гадозода ҳамроҳӣ намуда, ба маҳаллаҳо, деҳаҳо, таълимгоҳҳо, ҷамоатҳо ва корхонаю коргоҳҳо бурданд. Меҳмонон, ҳамзамон, ҳолати рафъи офатҳои табиӣ, ки дар давоми соли 2024 ба амал пайвастаанд, аз ҷумла барқарорсозии манзилҳои осебдида, роҳу пулҳои зарардида, минбаъда пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифратгарон, таълими ғайрирасмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ба ватан баргардонидани онҳо, вазъи таҳсили мактаббачагон дар таълимгоҳҳо, сифати кадрҳои омӯзгорӣ, риояи либоси мактабии хонандагону омӯзгорон, омодагии техникаю механизмҳои кишоварзӣ ба дарави ғалладонагиҳо, хошок, пешгирии сӯхтор дар заминҳои кишоварзӣ, тезтар ҷамъовари кардани ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, риояи қонун ҷиҳати баргузории ҷашну маъракаҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, сафари ҳаҷ ва боздид аз шароити зиндагии ҳаҷравандагон, камбуду норасогиҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, беҳтар намудану ташаккули тарзи ҳаёти солим, баргузории озмуну фестивалҳо барномаҳои фарҳангӣ, рушди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, гӯштин, аспдавонӣ, озмунҳои хонаи бехтарин, деҳаи беҳтарин, маҳаллаҳи беҳтарин, кадбонуи беҳтарин, ошпази беҳтарин, кишоварзу чорводори беҳтарин, тарғиби либосҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, барномаҳои консертӣ, ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ вобаста ба талабот, тозагии муҳити зист, зебоипарастӣ, вусъати корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлодлияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрамро аз наздик мушоҳида ва дидан кардаанд. Меҳмонон аз масъулин ҳар чӣ тезтар бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва вусъати корҳоро дар соҳаҳою самтҳои болозикр талаб намуданд.
Н.Фозилҷон, П.Нуров