Хабарҳо

Техникаи кишоварзӣ омода аст

Имсол ҳавои мусоиди моҳи феврал кишоварзонро водор месозад, ки ба киштукори баҳорӣ хубтар омодагӣ бигиранд. Махсусан тайёр намудани техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои шудгоркунанда, тухмипошакҳо, воситаҳои техникии нарму мулоимкунадаи ҳамвор кардани қитъаҳои замин, комбайнҳо ва амсоли инҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи кишоварзону мутахассисони ин соҳа қарор дорад.

   Ба ин хотир, 15 феврали соли равон дар фурӯдгоҳи ноҳия бо иштироки кулли мутахассисони соҳа ва 250 адад техникаи кишоварзӣ, ки аз таъмири асосӣ бароварда шуда буд, ба «Хати тайёрӣ!» гузошта шуда, як чорабинии хуби агротехникӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия З.Ф. Шоҳиён, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоҳ Зеваршоев, сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ Ш. Ҳомидов, сардори  шуъбаи бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилояти Хатлон А. Баҳодуров, сармутахассиси бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии ноҳия С. Раҷабзода, кормандон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаю корхонаҳои марбути кишоварзӣ ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

    Меҳмонон техникаи ба «Хати тайёрӣ!» гузошташударо аз назар гузаронида, ба хулосае омаданд, ки дар сурати фарорасии мавсими кишту кори баҳорӣ бо ин теъдоди техникаҳо имконияти хубе фароҳам меояд, ки дар муддати кӯтоҳтарин киштукор ба анҷом расонида шавад.

     Дар чорабинӣ раиси ноҳия ва меҳмонони аз ҷуҳурӣ ва вилоят омада   муваффақияту нуқсонҳои кори механизаторонро ҷиҳати таъмиру омодасозии навъҳои гуногуни техникаро ба киштукор гуфта гузаштанд.

 

 

 

 

      Ҳамчунин супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муддати кӯтоҳ бартараф карда,  омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.

                                    

                                                                                             Н.Фозилҷон,

                                                                                       Ш. Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *