Хабарҳо

=Паём- равшангари роҳи имрӯзу фардо= Маърифати ҳуқуқӣ – зарурати воқеӣ дар ҷомеа

 

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, тамоми соҳаҳою самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти кишвар ҳамаҷониба таҳлил гардида, он  ҳамчун ҳуҷҷати  равнашгари роҳи имрӯзаю баъдинаи рушди мамлакат пазируфта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми имсола ва хосатан «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 рӯзноманигори мо суҳбате дошт бо прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Манучеҳр Зувайдуллозода, ки фишурдаи онро дар поён  ба хонандагони рӯзнома пешкаш менамоем:

    – Муҳтарам Манучеҳр Зувайдуллозода, тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа шудаст, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024  «Соли  маърифати ҳуқуқӣ»  эълон карда шавад. Дар иртибот ба масоили ҳуқуқӣ мехостам дар ҳамин бора равшанӣ андозед.

  –  Бале, хеле саривақтӣ аст, ки дар Паём соли 2024  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, аз 30 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расидааст. Дар ин замина Пешвои миллат дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун имсол, ки 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Ба ин манзур Сарвари давлат дар Паёмашон чунин қайд намудаанд: «…Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».

 Аз лиҳоз мо, кормандони прокуратураи ноҳия, ба ин муносибат Нақшаи чорабиниҳои мақомотро таҳияву тасдиқ намуда, дар асоси он ҷиҳати дастури Пешвои миллат аз ибтидои соли 2024 ба фаъолият шурӯъ намудаем.

  – Воқеан ҳам Конститусияи кишвари мо яке аз беҳтарин конститусияҳо дар миқиёси байналмилалӣ маҳсуб ёфта, дар он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст. Инсон дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нақши бузург дорад. Чунончи, дар  моддаи 5-и он омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Дар ин бора ва авлавияти қонун мехостам андешаи шуморо фаҳмам? 

– Аслан Конститутсияи мо яке аз демократитарин конситутсияҳои дунё мебошад ва дар меҳвари он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойгузинанд. Тавре мутафаккири Юнон Ситсерон гуфта буд: «Хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи

қонун бош!». Ин андеша ҳақ ҳасту рост. Дар давлати демократию ҳуқуқбунёд нақши қонун ва ҳуқуқ ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, донистани қонун, эҳтиром ва иҷрои он аз фарди одӣ то боло заруратӣ воқеӣ мебошад. Надонистани қонун ё ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазои ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ ва ҷиноятро сабук намекунад. Ин аст, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донистану иҷро кардани қонун ва эҳтироми он барои зиндагии  ҳар як фарди ҷомеаи демократӣ зарурати воқеӣ мебошад. Воситаҳои аз худ кардани қонунҳою ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шароити муосир, ҳам тавассути ахбори омма ва ҳам ба воситаи сомонаҳои интернетӣ хеле осон гардидааст. Фақат кӯшиш бояд кард, ки аз муҳимтарин талаботҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бархӯрдор бошем. Худи ҳамин талабот тақоза мекунад, ки маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд баланд бардошта шавад, то ки қонун роҳбару раҳнамои ҳар кадом фарди ҷомеа бошад.

  – То ҷое маълум аст, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, хосатан насли наврас ҳанӯз аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳои миёнаи умумӣ, касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ то имрӯз ҳам ба роҳ монда шудааст, вале ҳанӯз дар ин бобат мо пурра ба мақсад нарасидаем. Бинобар ин баробари тарбияи ҳуқуқӣ ба тарзи васеъ ба роҳ мондани маърифати ҳуқуқӣ низ зарурати бевосита аст. Дар ин бора чӣ гуфтание доштед?

  –  Аслан тарбия ва таълим, яъне маърифат, ду қутби як раванд мебошанд. Тарбияро тарбиятдиҳандагон дар ҷомеа ба роҳ мемонанд. Субъектҳои тарбиятдиҳанда падару модар, калонсолони оила ва ҷомеа, дар таълимгоҳҳо мураббиёну омӯзгорон, дар коргоҳҳою корхонаҳо роҳбарону сарварон ва дигар масъулинанд. Бесабаб нест, ки таи чанд сол боз  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи насли наврас» роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳарчанд мо дар ин бобат ба як қисм муваффақиятҳо ноил гардида бошем ҳам, ҳанӯз кам аст. Зарур аст, ки баробари дигар намудҳои тарбия тарбияи ҳуқуқиро низ равнақи тоза бахшем, зеро тарбияи ҳуқуқӣ низ имконият фароҳам меорад, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Маърифати ҳуқуқӣ нафақат ба субъектҳои маърифаткунонии ҷомеа, балки ба худи шахс низ дахл дорад. Ҳар як шахс бояд аз ҳуқуқҳою имкониятҳои ҳуқуқии худ худаш бархӯрдор шавад, то ки сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии ӯ баланд гардад.

   – Имрӯз баъзе мушкилот дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад: шомилшавии як қисм ҷавонони кӯтоҳандеша ба ҳизбу ҳарактҳои террористию экстремистӣ, қонуншиканӣ, саркашӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саводи номукаммалӣ динӣ, тақлид ба фарҳанги номақбули бегона  ва амсоли ин, ки боиси коҳиши ахлоқу маънавиёт ва фарҳанги мутамаддини мо гардида истодаанд. Маърифати ҳуқуқӣ оё ҷиҳати рафъи чунин мушкилот мусоидат мекарда  бошад?

  – Албатта, мусоидат мекунад. Чунки ҳамаи ин мушкилот дар натиҷаи бемаърифатӣ, ба қадри арзишҳою суннатҳои гузаштаю имрӯзаи худ

 

 

 

 нарасидан, бохабар ва воқиф набудан аз таъриху тамаддуни миллат, арҷ нагузоштан  ба арзишҳои миллии худ, хештаншиносу худогаҳ ва ватандӯст набудан ба амал меоянд. Дар сурати огаҳии пурра ёфтан аз маърифати ҳуқуқӣ, донистани ҳуқуқу озодиҳои худ, хубро аз зишт ҷудо карда тавонистан, меҳанпарасту хештаншинос будан, омӯхтани таъриху фарҳанг ва тамаддуни арзишманди миллии худ ин мушкилиҳо бартараф хоҳанд шуд.

   – Гумон мекунам, ки дар мавриди роҳандозӣ гардидани ҳамаи нишондодҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар кулли коргоҳу корхонаҳои ноҳиявӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия  баланд мегардад ва ба ин восита ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ амсоли инҳо барин зуҳуроти номатлуб хеле коҳиш меёбад. Ҳамин тавр нест, муҳтарам прокурор?

  – Бале, шубҳае нест, ки дар давоми сол ин пешниҳоди дар  Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида ҷиҳати нафақат баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, балки барои рушду такомули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва фарҳангу маънавиёти мардуми кишвари азизамон хеле хуб мусоидат менамояд.

 – Дар фарҷоми суҳбат ба Шумо муҳтарам Манучеҳр Зувайдуллозода ва кормандони прокуратураи ноҳия ҷиҳати иҷрои Накшаи чорабиниҳоятон оид ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва назорати иҷрои қонунҳою ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки тибқи талаботи конститутсионӣ ба зиммаи прокуратура гузошта шудааст, муваффақияту комёбиҳо таманно дорам ва барои пазироиятон изҳори сипос менамоям!

 – Ба Шумо ҳам дар пешрафти кори эҷодию публитсистиатон бурдбориҳо орзумандам!

  -Ташаккур!

  

                                                               Пирмуҳаммад Нуров,

                                                                узви ИТЖ Тоҷикистон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *