Хабарҳо

Қайдҳо аз нишасти матбуотӣ

     Мутобиқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми марти соли 2005, №1677 дар як сол ду маротиба дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад. Дар ноҳия ба ҳамин мақсад рӯзи 12 феврали соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони ВАО, дар ҳузури раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ҳамаи намояндагони васоити ахбори оммаро барои ташриф оварданашон ба ноҳия пазироӣ намуд ва аз рафти фаъолияти мардум мухтасаран иттилоъ дод.

    Пасон, намояндагони ВАО аз роҳбарон ва масъулини ноҳия масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон қарордоштаро пурсон шуданд. Таваҷҷуҳи онҳоро аслан чунин масъалаҳо-шароити фаъолият дар идораи коммуналии ноҳия ва сари вақт таъмин намудани кормандони он бо музди меҳнат, азнавсозии партовгоҳҳо барои хизматрасонии коммуналӣ, сабабҳо ва омилҳои бекоршавии қарорҳои раиси ноҳия, куҳнаю фарсуда шудани бинои Ҷамоати шаҳраки Панҷ ва ифлосиҳои гирду атрофии он, селҳои омада ва хисороти овардаи онҳо ба мардум ва хоҷагии қишлоқ, ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба зарардидагони офати табиӣ аз лиҳози хӯрока ва дигар маводҳо, дастгирии дастаи тими футболи  «Саройкамар»  аз тарафи масъулин ва маблағгузорӣ дар ин самт, тоза кардани селроҳаҳо ва селпартовҳо аз лою гил, дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани ҷойҳои хавфнок, вазъи кори беморхонаҳо, нуқтаю бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳолати хизматрасонии онҳо ба аҳолӣ, аз манзилҳои истиқоматӣбаровардани нуқтаю бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва мавқеи ҷойгиршавии онҳо дар ҷойҳои бехавф, иштироки сокинони ноҳия дар озмунҳои вилоятию ҷумҳурявӣ, муваффақияту комиёбиҳои онҳо, вазъи кори Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолати санитарию гигиении муассисаю корхонахо ва махсусан бозорҳо, таъмини аҳолии ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия, махсусан меваю сабзавоти тару тоза ба хориҷ ва дигар масоили мавриди назар карордошта ҷалб намуда будаанд.

   Ба пурсишҳои намояндагони ВАО раиси нохия ва дигар роҳбарону мутасаддиёни соҳаҳои дахлдор посухҳои мушаххас доданд.

   Нишасти матбуотиро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З. Ф. ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки чунин нишастҳо бо намояндагони васоити ахбори омма барои пешбурди кори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатовар буда, ҷиҳати ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард. Раиси ноҳия намоядагони ВАО-ро бовар кунонид, ки камбуду норасоиҳо ва масъалаҳои дар ин нишаст баёншуда аз ҷониби масъулини соҳаҳои гуногун батадриҷ ҳаллу фасл хоҳанд гашт.

                                                       Н. Фозилҷон, Ш. Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *