Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Бахши ҳифзи муҳити зист рӯзи 2 декабри соли равон дар назди майдони марказии варзишӣ, майдони Парчам ва боғи фарҳангию фароғатӣ ҳашари умумӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони соҳаҳои гуногуни маркази ноҳия пагоҳии барвақт ба ҳашар баромада, корҳои гуногунро иҷро карданд. Як гурӯҳ ба ниҳолшинонӣ, як гурӯҳ ба мулоим кардани бехи дарахтон, қисми дигари ҳашарчиён ба побел кардану тоза намудани гулгаштҳо ва корҳои дигар машғул шуданд. Садои мусиқии форам ба фаъолияти одамон ҳаловат мебахшид. Махсусан ниҳолҳои ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои рангоранг дар ҷойҳои тамошобоб ва истироҳатӣ ва арчаҳои гуногун ,ки нав оварда шинонда шуданд, боғу назди варзишгоҳро хеле дилрабою дилкаш ва назаррабо гардонидаанд. Ниҳолҳои нав шинондашуда ба ҳусну латофати боғи фарҳангию фароғатӣ ва варзишгоҳи марказӣ зебу таровати тоза зам намуданд. Вале, тавре мудири Бахши хифзи муҳити зист Ҷобир Ҳусейнов иброз дошт, шинондани ниҳолу гулбуттаҳо як тарафи кор аст, нигоҳубини ниҳолҳо обу ғизо додани онҳо ва мутобиқи меъёрҳои муқаррарию биологӣ парвариш кардани онҳо тарафи дигари асосии кор мебошад.Аз ин рӯ, кормандон ва масъулини ин ду муассисаи номбурда ва дигар корхонаю коргоҳҳоро зарур аст, ки ниҳолҳои навшинондаро хуб нигоҳбину парвариш кунанд, то ки онҳо сабзиши хуб ёбанд ва диёрамонро боз ҳам зеботару дилрабо намоянд. Чунин ташаббусҳои ободкоронаю созанда дар оянда низ дар тамоми ноҳия идома хоҳанд ёфт.
П.Нуров