Вохӯри бо ҷамоат

Гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳо

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд. Ин гурӯҳҳо шуруъ аз 6 феврали соли равон ба ҳамаи ҷамоатҳо рафта, Паёми Президент, дастуру супоришҳои дар он ироашударо ба мардуми маҳаллаҳо бори дигар фаҳмонда, ҳамзамон бо вазъи кору фаъолияти кишоварзон, муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳар як ҷамоат, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ ва умуман аҳли заҳмати аз наздик шинос шуда, дар нимаи дуюми рӯз натиҷаи мушоҳидаҳои кардаашонро бо иштироки роҳбарону намояндагони маҳаллаҳо ва фаъолони онҳо ҷамбаст намуданд.

             

Бояд ёдовар шуд, ки дар чамъбасти ин чорабиниҳо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва сарварони  муассисаю ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ низ иштирок доштанд.

      

Гурӯҳҳои корӣ нахӯст аз ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат фаъолияти худро сар карда, баъдан чунин санҷишу чорабинҳоро дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфуддинов К.,  Озодагон, Намуна, Меҳвар ва ҷамоати шаҳраки Панҷ идома ёфтанд.

Дар баромади аъзои гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои мубрами рӯз, амсоли рафти корҳои кишоварзӣ, ободонӣ кабудизоркунӣ, бунёдкорию созандаги, рафти зимистон-гузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, аз ғӯзапоя тоза кардани заминҳо, шудгори хушсифат, кишти картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонаги  ҳо, нигоҳубини боғу токзорҳо, кандани заҳбуру заҳкашҳо, тоза кардани ҷӯӣҳою каналҳо, ниҳолшинонӣ, вазъи корҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таъломӣ, истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин,  хусусан замин-ҳои идораю муассисаҳои тандурустию фарҳангӣ ва дигар коргоҳҳо, баррасӣ карда шуданд.

            

[амҷунин дар ҷамъомадҳо сарварону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла М.Зувайдуллозода, Б.Абдураҳмонзода, И.Пулатов, Д.Табарзода, Ф.Раҳмонзода ва дигарон  дар суханрониҳои худ оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хурофотпарастӣ дар ҷомеа, риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, роҳ надодан ба таҳсилоти ғайрирасмии наврасону ҷавонон, роҳ надодан ба қонуншиканию ҷиноят  ва амсоли инҳо ибрози андеша намуданд.

Дар охири ҷамъомадҳо раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. баромад карда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ҷоннок намудани корҳо  дар ҳамаи самтҳои фаъолият дар ҷамоатҳо супоришҳои мушаххас дод ва аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ҳамаҷониба омодагӣ гиранд.

                                                             Н.Фозилҷон  П.Нуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *