Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, дар Қасри Арбоб баргузор гардид, воқеан ҳам аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, дар рӯзгори мардуми тоҷик ва масири таърихи он саҳифаи наверо эҷод намуд. Ин Иҷлосия имкон фароҳам овард, ки кулли мардуми кишвар дар атрофи ғояи сулҳу субот сарҷамъу муттаҳид гарданд ва барои барқарор кардани сохторҳои фалаҷшудаи кишвар камари ҳиммат банданд.
Муҳимтар аз ҳама, дар Иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рӯи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун баровард. Ин шахсияти бузург Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар зеҳну дили мардум ҳисси ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ ва меҳнати созандаю бунёдкорона раҳнамун сохтанд.
Маҳз дар ҳамин Иҷлосия сарнавишти ояндаи халқи тоҷик ва тоҷикистониён муайян карда шуд ва роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин шахсияти далеру ҷасур ва хирадманду ояндабин бо истифода аз таҷрибаи ҳосилкардаи худ тавонистанд, мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, мардумро аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғониситон, ки иҷборан фирор карда буданд, ба ватан баргардонанд. Хизматҳои таърихии ин фарзанди накуноми тоҷик ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Ин буд, ки мардуми Тоҷикистон ҳар сол рӯзи Президентро бо тантана ҷашн мегиранд, зеро Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, аз тарафи тамоми мардуми Тоҷикистон пазируфта шудааст. Ба ин муносибат рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент дар ноҳия бо тантана ҷашн гирифта шуд. Мардуми бисёр, ҷавонон, занон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю ҷамоатҳо парчаму овезаҳо дар даст дар хиёбони марказии ба номи Рӯдакӣ гирд омада буданд. Онҳо ба хотири ин рӯзи табаррук роҳпаймоӣ намуда, баъдан дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд омаданд. Роҳбарони ноҳия дар ин майдон барои баргузории ҳамоиши мазкур шароити мусоид фароҳам оварда буданд. Нахуст раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф. ба сухан баромада, тамоми иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Президент ва сиюмин сол-гарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон самимона табрику таҳният намуданд ва дар бораи аҳамияту моҳияти ин иҷлосия ва таҷлили Рӯзи Президент муфассал суханронӣ намуданд.
Баъди қисмати тантанавии ҷамъомад ҳунарпешагони шинохтаи Қасри фарҳанги ноҳия барои иштирокчиён консерти калони идона намоиш доданд. Рӯзи Президент ва 30-солагиии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаю деҳаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва дигар коргоҳҳои ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гардид
Н. Фозилҷон