Вохӯри бо ҷамоат

Соҳаи кишоварзиро вусъати тоза бахшем

 

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва раиси вилоят   гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  таъсис дода шуд, ки аз 8-ум то 13-уми августи соли равон дар ҷамоатҳои деҳот бо мардуми маҳаллаҳо вохӯрда, онҳоро бо вазъи имрӯзаи ҷаҳон, таъсири манфии буҳрони шадиди иқтисодӣ ба ҳамаи минтақаҳои олам, минҷумла Тоҷикистон  ҳам бори дигар ҳушдор намуданд. Ана дар ҳамин гуна вазъият рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҳар як соату дақиқа самаранок истифода бурдан вусъати тозаро тақозо дорад.

Ба ҳамин мақсад гурӯҳи кории таъсисёфта таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф., роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ноҳиявӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо ҷамъомадҳои калон баргузор намуданд. Пеш аз ҷамъомадҳо аъзоёни гурӯҳи корӣ ба вазъи фаъолияти соҳаҳои мухталифи корхонаю муассисаҳои ҳар як ҷамоат аз наздик шинос шуда, камбуду нуқсонҳо ва дастовардҳои аҳли заҳматро ба инобат гирифта, баъдан дар ҷамоатҳо бо иштироки намояндагони аҳли заҳмат ҷамъомад баргузор намуданд.

Гурӯҳи корӣ махсусан ҷиҳати амиқ омӯхтани ҳолати заминҳои кишоварзӣ, пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, вусъат бахшидани кишти такрории ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка, шолӣ, мош, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳолати чорводорӣ, захираи алафҳои табиӣ,  хошоки дурушт, бурдани чорво ба чарогоҳҳои тобистона ва муҳлатҳои овардани онҳо, таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои кишоварзӣ, истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ, президентӣ, заминҳои ёрирасони назди идораю муассисаҳо ва корхонаҳо, таъмини маводи озуқаворӣ ва захираи он ақаллан барои ду сол, рӯёндани 3-4 ҳосил дар як сол  ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дар ҷамъомадҳо андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон дар ин ҷамъомадҳо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сухан баромада, оид ба риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иҷрои қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бекоршавии бемайлони ақди никоҳ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва амсоли инҳо барин масъалаҳои мубрами рӯз фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Раиси ноҳия  муҳтарам Шоҳиён З. Ф. дар охири ҷамъомадҳо  бори дигар аз иштирокчиён дар иҷрои вазифаҳои номбаршуда масъулияти баланд талаб намуд ва изҳори боварӣ кард, ки аҳли заҳмат ҳамаи вазифаҳои дар пеш истодаро сарбаландона иҷро мекунанд ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

                                                                 

                                                               Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *