Сиёсат

Нишасти матбуотӣ ба рушди соҳаҳо мусоидат медиҳад

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми марти соли 2005, №1677 дар як сол 2 маротиба дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад. Ба ҳамин мақсад рӯзи 14 феврали соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони ВАО, дар ҳузури раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ҳамаи намояндагони васоити ахбори оммаро барои ташриф оварданашон ба ноҳия пазироӣ намуд.
Таваҷҷуҳи намояндагони ВАО-ро якчанд масъала, аз ҷумла вазъи ногувории роҳҳо ва ба таъмири капиталӣ ниёз доштани онҳо, таъмир ва ё азнавсозии пулҳои дар ноҳия мавҷудбуда, хизматрасонии мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба сокинон, имкониятҳои раиси ноҳия ва дастгирии халқ аз ҷониби ӯ, вазъи ногувори дастаи Саройкамар ва ғамхорихои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нисбат ба даста, теъдоди осорхонаҳо ва шароити онҳо дар айни замон, сабабҳои аз кор боз мондани корхонаҳои саноатӣ ва шумораи онҳо дар ҳудуди ноҳия, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳурӣ ва муваффақиятҳо дар ин самт, таъмини аҳолии ҷамоати деҳоти Намуна, махсусан деҳаи Коммунизм бо оби полезии хушсифат ва мушкилот дар ин бора, амалишавии барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар айни замон, омодагиҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2022, омодаги ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ин мавзуъ, ҷалби писарон, хешу таборони роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба хизмати ҳарбӣ, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия, фоизи ба таълим фаро гирифтани кӯдакони синну соли томактабӣ ва монанди инҳо ба худ чалб намуда буд ва ҳамин масъалаҳо мавриди саволу ҷавоб ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд. Ба саволу пурсишҳои намояндагони ВАО раиси ноҳия, муовинон ва шахсони дигари масъул дақиқу аниқ ва мушаххас иттилоъ доданд.

Нишасти матуботиро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки чунин нишастҳо бо намояндагони ВАО барои пешбурди кори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатовар буда, ҷиҳати ҳалли мушкилотҳо мусоидат хоҳад кард ва меҳмононро бовар кунонид, ки камбуду норасоиҳои дар ин нишаст зикргардида ба тадриҷ бартараф хоҳанд шуд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *