Сиёсат

Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

Рӯзҳои 17-ум ва 21 октябри соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода ва З. Раҳмонзода дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут, Нури Ваҳдат, Намуна, Меҳвар ва ҷамоати шаҳраки Панҷ бо мардум вохӯрӣ ва суҳбати озод баргузор намуданд. Дар вохӯриҳо вакилони мардумӣ роҷеъ ба мушкилотҳои имрӯза, аз қабили вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар тамоми мамолики дунё, пешгириии ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, мушкилоти рӯзафзуни терроризму

экстремизм, дасисаю найранг ва фитнаҳои наҳзатиҳои иҷборӣ ва мардумфиребии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин, махсусан хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ, ёрирасон,

захираи дусола доштани маводи ғизоӣ дар оилаҳо, самаранок истифода бурдани неруи барқ, омодагии самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии хоҷагии халқ ба зимистонгузаронии солҳои 2022-2023, фаъол будани мардум ҷиҳати вокунишҳо ба хоинон ва душманони дар хориҷбудаи миллату Ватан, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ташкилоту муассисаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» суҳбати судманд анҷом доданд.

Қайд карда шуд, ки масъалаҳои дар боло зикршуда бояд аз тарафи кулли фаъолон, зиёиён, шахсони обрӯманд ба мардум фаҳмонда шаванд, то Тоҷикистон ба мушкилоти буҳронии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ мувоҷеҳ нагардад, сулҳу суботи комили сартосарӣ дар тамоми манотиқи кишвар пойдор бошад. Инчунин зикр гардид, ки мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарварӣ, садоқат ба Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эътироф намудани сиёсати инсондӯстона ва маорифпарваронаи ҳукумати мамлакат, аз даст надодани зиракии сиёсии ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа тарбият намоем, зеро ояндаи давлату миллат бар дӯши онҳо мебошад.Ҳамчунин дар баромадҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо вакилон ба дархосту суолҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мувофиқ доданд.

Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *