Хабарҳо

Омодабошии ҷангӣ дар доираи «Марз-2021»

 

Тибқи ишораи бонги хатари Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳолати омодабошии ҷангӣ, ҳайати шахсии шаҳрвандони дар эҳтиёд қарордоштаи ноҳияи Панҷ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорон ва омӯзгорони фанни дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия санаи 22 июли соли 2021 машқҳои омодабошии ҷангиро баргузор намуданд.

Қабл аз баргузории ин машқҳо Ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳолати омодабошии ҷангии ноҳия бо иштироки тамоми аъзоёни Ситод баргузор гардид.

Сипас дар майдони варзишии маркази ноҳия ва РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки ҳайати шахсии шаҳрвандони дар эҳтиёд қарордоштаи ноҳия, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0306-и раёсати мазкур машқҳои омодабошии ҷангӣ ва паради ҳарбӣ гузаронида шуд, ки дар он 1158 нафар иштирок намуданд.

Дар ибтидои машқҳои омодабошӣ муовини якуми раиси ноҳия суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки имрӯз ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар ба ҳисоб рафта, масофаи сарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин минтақа 61 киллметро ташкил медиҳад.

Бинобар ин ҳамаи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳия ва инчунин ҳамаи сокинони ноҳияро зарур аст, ки бо мақсади таъмини сулҳу субот, оромӣ ва ҳифзу ҳимояи марзи давлатӣ дар якҷоягӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди ноҳиябуда, ҳамзамон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои саривақтиву заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо мақсади ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, таъмини сулҳу субот, оромӣ, бедорӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии ҷавонону наврасон ва дар руҳияи ватандӯстӣ дӯст доштани муқаддасот ва тамоми арзишҳои миллӣ тарбият намудани онҳо, пешгирӣ аз ҳама гуна ҳодисаҳои хавфноки ба оромии ҷомеа таъсири манфӣ расонанда бояд тартиботи дохилӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мунтазам риоя ва аз ҷониби тамоми масъулин назорат карда шавад.

Баъд аз баргузории машқҳо оид ба ҳолати омодабошии ҷангӣ 900 нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳия барои иштирок намудан дар машқҳои омодабошии ҷангӣ ба шаҳри Бохтар фиристода шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *