Хабарҳо

Варзиш -муаррифгари миллату давлат

 

  Дар партави гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Модар» нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо таваҷҷуҳи беандозаи раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер давоми ду моҳи соли 2021 дар ноҳия зиёда аз 18 номгӯи чорабиниҳои маърифатӣ-варзишӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо бештар аз се ҳазор ҷавонону сокинони ноҳия иштирок намуданд. Яке аз ин мусобиқаҳо бозии волейболи «Деҳа ба деҳа» мебошад.

Рӯзҳои 6-7 марти соли равон дар деҳаи  ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти Озодагон мусобиқаи волейбол барои дарёфти  «Ҷоми раиси ноҳияи Панҷ» бо иштироки дастаҳои меҳмонон аз деҳаҳо ва маҳаллаҳои шаҳрҳои Душанбе, Регар, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Мӯминобод, Ҷайҳун, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Фархор баргузор гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷавонони ҳимматбаланди деҳаи Имом Машрабови ҷамоати деҳоти Озодагон ва раисони кумитаҳои маҳаллаи он  М. Назаров, А. Кенҷаев, С. Давлатов, М. Хоҷаев, Қ. Бедимоғов, Б. Хоҷаев ва Б. Раҳимов  пеш аз оғози чорабинӣ 6 нафар  маъюбони деҳа кумаки яквақтинаи маводҳои хӯрока бо андозаи 200 сомонӣ ва 10 нафар собиқадорони варзиш  бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Баргузории мусобиқаи варзишии «Деҳа ба деҳа» имрӯз дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, майдончаҳои зиёди бозии волейбол таъмиру азнавсозӣ шуда, ҷавонони зиёдеро ба шуғли варзиш ҷалб намудаанд. Ба ҳамин васила онҳо аз рафторҳои ношоиста ва даст задан аз ифротгароиву қонунвайронкунӣ дур мешаванд.

Чорабиниро раиси ҷамоати деҳоти Озодагон З. Назаралиев ҷамъбаст карда, ба ғолибон туҳфаҳои пулию молии таъсиснамудаи деҳаи Имом  Машрабро супорид. ҳамчунин ӯ ба варзишгарони фаъол ва дастаҳои ғолиб ба маблағи бештар аз ҳафт ҳазор сомонӣ туҳфаҳо тақдим карда, ҷавононро ба шуғли варзиш, обутоби бадан, ватандӯстӣ ва омода будан ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

 

С. Маладӯстов, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия

С. Давлатов, мушовири мактаби варзишӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *