Хабарҳо

Тамрин ба хотири ояндаи нек


Тибқи  нақша-чорабиниҳо оид ба гузаронидани тамринҳо бо ситодҳои минтақавии ноҳия, мудофиаи ҳудудӣ, аниқномаи қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ  10 марти соли 2021 бо ҷалби аъзоёни ситодҳои мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳия чорабинӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ  намояндаи Ситоди  генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди ноҳия ва аъзоёни Ситод, инчунин ташкилоту муассисаҳо, гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ, афсарони захиравӣ, гурӯҳҳои зудамал, тирандоз, сӯхторхомӯшкунӣ, санитарӣ ва техникаҳои гуногуни амалиётие, ки дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳия  мебошанд, иштирок доштанд.  Огоҳонидан,  фаҳмондадиҳии аҳолӣ ва муҳофизати он дар вазъияти фавқулодда яке аз муҳимтарин вазифаҳои роҳбарияти ҳар минтақаву ноҳия мебошад.  Маҳз ба ҳамин хотир дар ҳар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи мо низ  тамрин гузаронида шуд, то ки дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла сӯхтор, сел ва монади инҳо барин ҳодисаҳои дигар  мардумро аз хавфу хатар  наҷот дода тавонанд.

Дар чорабинӣ баромадкунандагон  ҷиҳати фаъолияти гурӯҳҳои гуногун оид ба наҷот  додани одамон,  аз ҷойҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф  кӯчонидани аҳолӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ-таъҷилӣ ба осебдидагон, муқаррар кардан  ва донистани ҷойҳои кӯчонидани аҳолӣ ва чӣ тавр кӯчонидани онҳо, таъмини озуқаворӣ ва монанди инҳо барин  чораҳои  таъхирнопазир гузоришу суҳбатҳои судманд дода шуд.

Зикр карда шуд, ки  дар сурати пурра иҷро кардан ва фаъолияти бонизом нишон додани ҳамаи гурӯҳҳои наҷотбахш имконияти кам  осеб дидани аҳолӣ таъмин мегардад.  Машқу тамрин дар ин минтақа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. 

 

                                                                     Гулчеҳра

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *