ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
РАИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ
Қ А Р О Р
Аз «04» январи соли 2021 № 5 н. Панҷ
Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии:
– сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахаcсис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Намуна.
- Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
- Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 3 декабри соли 2020, №1278 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси ноҳияи Панҷ: З. Шоҳиён