Хабарҳо

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа, соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Ба  хамин  мақсад  24 ноябр дар ноҳияи Панҷ бо  иштироки  масъулини  ноҳия,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,   кормандони ҳифзи ҳуқуқ,  раисони ҷамоатхои шаҳраку  деҳот ,  кормандони ташкилоту  муасисаҳо  ва  дигар шахсони масъул Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   чамъомад  баргузор гардид .  Дар  чамъомад  раиси  ноҳияи Панҷ  ва  дигар  баромадкунандагон ба  сухан  баромада аз таърихи парчамдории тоҷикон, гиромидошти Парчам, моҳияту аҳамияти Парчаму парчамдорӣ суханронӣ намуда, қиммату азамати Парчамро дар даврони истиқлолият ҳамаҷониба тавсиф намуданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки яке аз қадамҳои таърихие, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат  гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами миллии давлати соҳибистиқлоли мо буд. Зеро Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрав мебошад ва боло шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб ёфта, бо таваҷҷуҳ ба ин омил метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз пас аз қабули Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ амалан пурраву комил гардид.

Парчами Тоҷикистон бо рангҳою нишонаҳои худ рамзи садоқату фидокории мардуми моро нисбат ба Ватан, бунёдкорию созандагӣ  ва фаъолияти бо суботу бо мароми халқро ҷиҳати рушду нумӯи кишвари азизамон дар худ инъикос намуда, нишонаи пос доштану арҷ гузоштани арзишҳои бузурги миллиамон ба шумор меравад. Мардуми мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами давлатӣ муттаҳид гардида, баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ сидқан ҷаҳду талош доранд. Баъди анҷоми қисмати тантанавии ҷамъомад, ба хотири болида сохтани табъи иштирокчиёни  ҷамъомад ҳунарпешагони Қасри фарҳанги ноҳия консерти калони идона намоиш доданд, ки  мазмуну мундариҷаи он ба Парчами давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳамин тариқ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷлил гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *