Нуқтаи назар

Таърихи як миллат ва Пешвои он.

 

Чархи таърих ва саҳифаҳои ҳаёти инсоният ҳамеша ба сӯйи пеш давр мезанад ва дар пайи худ хотираву рӯйдодҳои зиёдеро боқӣ хоҳад гузошт, ки ба ёд овардани онҳо инсонро ба андеша водор месозад.

Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ва пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, баъди ҳазор сол Истиқлолияти давлатӣ гарчанде барои мо мардуми куҳанбунёд ва соҳиби тамаддун чун ҳадяи Илоҳӣ ба осонӣ ба даст наомада ва мисли мурғи афсонавии Ҳумо болои сари мо соя афканд, аммо дар ибтидо ба ҳикмати ин неъмати бебаҳо дуруст сарфаҳм нарафта, ба ҷойи он ки аз ин паррандаи хушиқбол истиқбол бигирем, ба сӯяш аз фалахмон тир андохтем ва оғушта ба хунаш кардем. Вале замоне ба худ омадем, ки аллакай дер шуда буд.

Ин миллати бофарҳанг ва дорои таърихи чандин ҳазорсола дар масири худ ҳамчун миллати қадимтарини сайёра  роҳи  дуру дароз ва қадима дошт. Вале бо ҳама сахтиву баландиҳое, ки таърих ба сари ин миллат овард ӯ ҳамавақт давлату ҳукумат дошт зеро дар худ чеҳраҳо ва шахсиятҳоеро парварид, ки ҷонфидои миллату давлат буда, номи худро дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин абадӣ сабт намуданд. Ин чеҳраҳои намоёну сарсупурда давлату миллати худро роҳбарӣ намуда, барояш ҷонфидоӣ карданд.

Вале ҷойи таассуф аст, ки дар баробари чунин ҷавонмардону чеҳраҳои сарсупурда, ин миллати қадима дар худ шахсиятҳоеро пайдо намуд, ки аҳримансифат будаву мехостанд «теша ба реша»-и ин миллат зананд. Ва ин бадтинатон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар қадре ба мақсуди худ расиданд. Зеро Тоҷикистони нав ба истиқлолият қадамҳои аввалини худ мондаро ба сӯйи ҷанг ва оташу хун кашиданд.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки имрӯз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун «ҷанги бародаркӯш» низ ном гирифта мешавад муддати панҷ сол идома ёфта, боиси фалаҷ гаштани сохтори давлатӣ, талафоти зиёди ҷонӣ, ҳисороти молӣ ва талаву тороҷи моликияти ҷамъиятӣ гардид.

Садҳо хонаву дар вайрон, ҳазорҳо модарон дар фироқи фарзандони ба хун оғушта гиряву нолон ва ҳазорон ятими дигар дар ёди падар нола мекарданд. Заноне, ки бо ҳазор умеду орзӯ оила барпо намуда, мехостанд ормонҳои худро амалӣ намоянд ба ёди шавҳарони бе ному нишон гумшуда ё оғуштаи тири нохалафон гардида, гиря мекарданд, ки оҳу фиғони онҳо ҳатто ба фалак мепечид.

Хонандаи ин сатрҳо худ маротибае ба чархи таърих ва тақдири инсоният назар андозад, ки агар дар яке аз деҳаҳои дурдасти ин кишвар модаре бо ҳазор умеду орзӯ тифлеро ба дунё овард, ки дар саҳифа ва масири таърихи ин миллат ҷонфидоӣ намудаву номи худро бо хатҳои заррин абадӣ сабт намуд,  дар деҳаи дигари  ҳамин сарзамини биҳиштосо модари муштипаре низ бо умед фарзанд ба дунё овард, ки ин фарзанди воқеан шум таърихи ин миллати куҳанбунёдро нангин сохтаву худро на фақат дар таърихи ин давлату миллат, балки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун хиёнаткору разил, ҷудоихоҳу ифротгаро ва ниҳоят ватанфурӯш муаррифӣ кард.

Ин модар дар яке аз деҳаҳои ин сарзамин бо номи «Қасамдара» тифли худро ба дунё овардаву умед дошт, ки фарзандаш барои ин миллату давлат ва ободиву шукуфоиаш қасам ёд кунад, вале афсӯс масири тақдири ин фарзанди хиёнаткор орзуву умедҳои модари муштипарро абадӣ ба хок яксон кард.

Ҷавобан ба ҳама неъматҳову арзишҳое, ки ин давлату сарзамини биҳиштосо ба чунин шахси хиёнаткор дода буд, ӯ дар пайи амалӣ намудани ниятҳои ифлосу ғаразноки худ роҳбарии яке аз ташкилотҳои террористиву экстремистиро бо номи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба уҳда гирифт.

Мо мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудани мардуми бетаҷриба аз ҷумла ҷавонон маҳз ҳамин тарғиботи тундгароён, ташвиқоти яктарафа ва сиёсати бегонапарастии Ташкилоти  экстремиству террористии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки ватани моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд.

Дар натиҷа як миллате, ки таърихи чандинасра дошт гирифтори фоҷиаи сахт ва рӯзҳои сангине гардид, ки дар масираш ба ин рӯзҳои мудҳиш боре гирифтор нагардида буд, чунки бо иғвову тафриқаангезии хоинони ин миллат бародар аз гиребони бародари дигар гирифтаву ӯро ба қатл расонд. Ин рӯзҳои сахту сангин ва мудҳиш ҳеҷ гоҳ аз лавҳаи хотири тоҷику тоҷикистониён фаромӯш нахоҳад шуд.

Ба бахти ин миллат дар пайи як ҷамъомад, яъне Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар таърихи миллати тоҷик «Иҷлосияи тақдирсоз»-аш меноманд, нафаре роҳбарии ин миллати ҷангзадаву оғуштаи хун, бе хонаву дар, ғарибу аз ватандурафтода ва умед аз дастрафтаро ба уҳда гирифт. Аз ному насабаш ҳувайдо буд, ки ӯ қалби саршор аз муҳаббат ба ин давлату миллат ва хиради азалӣ дорад. ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН

Ҳангоми ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданаш дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми намояндагони мардумӣ ва муҳимтар аз ҳама дар назди миллати ҷангзадааш савганд ёд кард, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам!».

Таърихи ин миллат худ гувоҳ аст, ки ин абармарди арсаи таърих ба ин савганди худ вафо кардаву бо амри Яздони пок ба миллаташ сулҳу оромиро ҳадя намуд.

Барои барқарор намудани сулҳу оромӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷавонмарди арсаи ҷаҳонӣ худро ба дами тиру туп мондаву ба хотири баргардонидани ҳамватанонаш аз кишварҳои хориҷ бахусус Ҷумҳурии исломии Афғонистон борҳо сафар кард.

Инҷо мехоҳем лаҳзаеро барои хонандаи азиз пешкаш намоем, ки аз яке аз сафараҳои бисёр ҳам мушкили Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷиҳати баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ буд.

Дар яке аз рӯзҳои фасли зимистони соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути чархбол бо ҳамроҳии як гуруҳ ҳамсафаронаш ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар дошт. Чӣ тавре дар китоби «Меъмори ваҳдат»-и нависанда Султони Мирзошоҳ аз ин сафар ёдоварӣ гардидааст, ҳангоме, ки чархболи Сарвари давлати тоҷикон ба деҳаи «Хосдеҳ»-и вилояти Тахори ин кишвар мерасад, ба сӯйи чархбол аз замин ракетаҳои «Стингер» ҳаво дода шуданд. Вале бо инояти Худо ин ракетаҳо на ба чархбол, балки чӣ тавре  ҳамсафарон нақл мекунанд, рафта ба танаи кӯҳ мерасиданд.

Нарасидани ин тирҳои душманон ба чархболе, ки дарунаш нафаре бо қалби поку сиришти азалиаш барои хотири баргардонидани миллаташ мерафт, бори дигар исбот намуд, ки дилу нияти пок ҳамеша ғолиб бар хиёнат ва тафриқаангезист.

Миллати тоҷик худ шоҳид аст, ки маҳз тавассути хизматҳои шоиставу шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғариби  аз Ватан дурафтода боз соҳиби Ватан, сулҳу субот, оромӣ ва якпарчамӣ гардид. Ин меъмори ваҳдат хонаеро, ки бо сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ сӯхтаву ба хок яксон шуда буд, боз аз сари нав бино кард ва дар дохилаш миллат ва фарзандонашро тарбия  ва нигоҳдорӣ намуд. Онҳоро ба сӯйи  корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, эҳтиром намудан ба арзишҳои миллӣ, фидокориву ҷавонмардӣ ва ниҳоят хизмат намудан ба ин миллату давлат раҳнамун сохт.

Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон    миллати мусулмонем ва хуб ҳам медонем, ки саҷдаву намозамонро ба сӯйи муқаддастарин макони сайёра, яъне  Хонаи Каъба, ки дар шаҳри Маккаи Мукаррама сохта шудааст мегузорем. Ҳар як фарди мусалмон орзу дорад, ки ин макони муқаддасро зиёрат намудаву назди Худованд дуову ниёзиш намояд.

Ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари давлати тоҷикон ва Пешвои муаззами он ду маротиба бо   аҳлу оила ва фарзандонаш  бо даъвати худи шоҳи ин мулки арабӣ дохили ин макони муқаддас гардид ва онҷо ду ракаат намоз гузоштаву барои осудагӣ, амният ва бахти ин миллат, давлат ва сарзаминаш дуо кард. Ин амали таъсирбахш барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва таърихи давлаташ боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад. Ё ин ки соли 2014 номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи 500 мусулмони беҳтарини олам ҷой дода шуд, ки воқеан барои ин миллат баландтарин ифтихор аст.

Заҳмату хизматҳое, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар давоми роҳбариаш ба ин миллату давлат ва сарзаминаш намудааст, назирашро касе дар таърих ёд надорад.

Нангу номуси баланди миллиаш намунаи олӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳури аст, ки бо сиёсати созандааш ният барои обод кардани бузургтарин иншооти аср Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» кард ва чӣ тавре ҳама шоҳидем, имрӯз аллакай бо иштироки худи Пешвои миллат ду чархаи он ба истифода дода шуд.

Шоир Мирзо Турсунзода хуб гуфта буд:

Ҳар онки боварии халқро  арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯструву ҳар хонаро зебанда мегардад.

Имрӯз бо итминони комил иброз медорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии халқашро сазовор гардида, ҳар хонаву дари тоҷику тоҷикистониро зебанда гардидааст.

Ин аст, ки маротибаи панҷум тавассути чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ин мансаби олӣ сазовор гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели он аст, ки ин миллати куҳанбунёд ва халқи бофарҳангаш ӯро дӯст доштаву заҳмату хизматҳояшро, то абад қадрдонӣ хоҳанд кард .

Хуш ба ҳоли чунин модар, ки ҳамин гуна фарзандро ба дунё овардаву меҳри Ватан ва халқу давлаташро дар қалби поки ӯ ҷой кард. Ҳамеша ба ӯ дуои нек дод, ки: «Фарзандам! халқу миллат ва давлату сарзаминатро ҳамеша дӯст дор ва барои ободиву пешрафташ доимо кӯшиш ба харҷ деҳ, сари ятимонро сила куну ҳамеша дастгирашон бош, ҳамеша аз пирону барҷомондагон дуо гир, то ин ки шӯҳрат ёбӣ!».

Чӣ тавре мебинем имрӯз  дуои ин модари поксиришт қабул гардидаву гуфтаҳои ӯро фарзанди некномаш дар ҳаёт ва хизмати давлатиаш адо намуда истодааст. Дасти  бо меҳрашро рӯйи сари  ятиме падарвор мондаву ӯро чунин таскин медиҳад: «Ман ҳеҷ гоҳ Шуморо танҳо намегузорам, волидайни Шумо ҳамин давлат аст, ки ман роҳбариашро   ба уҳда дорам». Зеро шиораш ин аст:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

         Зиҳӣ, чунин роҳбаре, ки дасти ятим ва хаставу барҷомондаеро гирифтаву ӯро такягоҳ мешавад, ба ӯ муҳаббат мекунад ва ҳамеша дастгири ӯст!

Ҳар нафаре, ки имрӯз ҳоло ҳам қадри ин заҳмату талош ва хизматҳои арзандаи фарзанди фарзонаи миллат, меъмори ваҳдат ва абармарди арсаи таърих Эмомалӣ Раҳмонро ҳанӯз дарк накардааст, пас, ба қавли мутафаккир ва соҳибсухане: «Ё одам нест, ё аз ин олам нест!».

Ва ниҳоят масири таърихи ин миллати фарҳангсолор қадима ва соҳибтамаддун бо гузашти чандин асрҳо  имрӯз ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доштаву дар арсаи байналмиллалӣ бори дигар бо ифтихор муаррифӣ карда хоҳад шуд.

 

 

Раиси ноҳияи Панҷ,

узви Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон:                                                     З. Шоҳиён

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *