Фаъолияти намояндагон

Баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Санаи 29 сентябри соли 2020 иҷлосияи чоруми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ даъвати шашум бо иштироки вакилони маҷлис ҳамзамон муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, роҳбарони филиалҳои бонкҳо ва бонкҳои хурди дар ноҳия фаъолияткунанда, сармуҳарири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» ва дигар шахсони даъватгардида баргузор гардид.

Дар кори ин иҷлосия инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят муҳтарам Насриддинзода Рамазон иштирок намуданд.

Дар оғози кори иҷлосия гузориши муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 10 январи соли 2019, №38 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» шунида шуд.

Дар охири кори иҷлосия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён З. Ф вобаста ба ислоҳи саривақтии нуқсону камбудиҳои дар соҳаи маорифи ноҳия ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *