Суханрониҳои раис

Паёми табрикии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифҳӯҷа Фақер ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ»

 

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо ба ҳамин забон дар олам шинохта шудааст.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечу тобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофаранда идома дода истодааст.

Санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забон» қабул гардида буд.

Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амли он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Бинобар ин тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ» самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ баён намуда буданд, ки: «Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

Дар робита бо ин гуфтаҳои хирадмандонаву оқилонаи Пешвои миллат мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ омили муҳимтарини муттаҳид-кунандаи миллат буд.

Соли 2016 ба хотири гиромидошти забони давлатӣ асари навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» дастраси хонандагон ва аҳли зиёи кишвар гардид.

Дар муқаддимаи ин китоб чунин оварда шудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» дар як даврае рост омадааст, ки ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи октябр «Иди касбии омӯзгорон» низ  ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз вазифаи асосии устодону омӯзгорон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳию эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, дӯст доштани Ватан ва муққадасоти миллӣ, инчунин омӯзиши пайвастаи илму дониш тарбияву ба воя расонидани насли наврас аст.

Аз ин фурсат истифода намуда, ҳамаи устодону омӯзгорони ноҳияро ба муносибати Иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи касби мушкил, аммо ниҳоят пуршараф барору комёбӣ таманно дорам.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии инсоният, бунёд ва ташаккули низоми ҷамъиятӣ дар ҳама давраҳои таърих тарбия ва ба воя расонидани насли солиму бохирад ва ба зиндагии шоиста раҳнамун сохтани онҳо аз андешаву хирад ва истеъдоду маҳорати устодону омӯзгорон вобастагӣ дорад.

Маҳз омӯзгорон метавонанд, ки бо маҳорату истеъдод ва донишу хиради худ дар ниҳоди ҳар як насли наврасу ҷавон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бахусус забони тоҷикӣ гузоштанро бедор сохта, онҳоро дар руҳияи забондонию забоншиносӣ тарбия намоянд.

Зеро забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Забони тоҷикӣ забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихи миллати мо ба шумор меравад.

Яъне миллати шарафманди тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзона, меъмори ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии онҳо яъне забони тоҷик аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад, чунки решаи забони тоҷикӣ ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ мерасад.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро дар радифи модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтиром кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умарон ҳамеша гиромӣ дорем.

Бо умеди амалишавии ҳамаи ин орзуву ниятҳо бори дигар тамоми сокинони ноҳия, бахусус, аҳли зиёро ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ» бори дигар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо баракат ва сарвати зиндагонӣ, фараҳу шодмонӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.

«Рӯзи забони давлатӣ» муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *