Нақшаҳо

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси мактуб ва Нақшаи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 октябри соли 2020 аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ гузаронида шуд.

Зимни баргузории ин қабул қисме аз шаҳрвандони ноҳия вобаста ба ҳалли масъалаҳои мухталифи худ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намуда, ба суолу пешниҳодҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар доираи ташрифи кориаш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии ноҳия  низ дидан намуданд. Зимни азназаргузаронӣ аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии ноҳия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тайёрӣ ва омодагиҳои участкаҳои интихоботии ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баҳои баланд дода, изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *