Суханрониҳои раис

Баргузории сӯҳбат бо раисон ва аъзоёни ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31-уми августи соли равон вохӯрии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам  Шоҳиён  З. Ф. бо раисон ва аъзоёни ҳавзаву участкаҳои интихоботии ноҳия баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъалаи омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории интихобот дар участкаҳои интихоботӣ, насби шиору овезаҳо, таъмини участкаҳо бо маводҳои зарурӣ, тозаю озода ва таъмир намудани дохил ва беруни участкаҳои интихоботӣ, тайёр намудани кабинаҳои овоздиҳӣ ва дигар масоили марбут ба ин самт таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Раиси ноҳияи Панҷ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф вобаста ба масъалаҳои зикргардида, ҳамзамон баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба раванди интихобот, шароит муҳайё намудан дар участкаҳои интихоботӣ  барои маъюбон, дахолат накардан дар рӯзи интихобот, аҳамият додан ба деҳаву маҳаллаҳои осебпазир, ҳамкорӣ намудан бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, назорати ҳолати санитарию гигиенӣ дар участкаҳои интихоботӣ  ва амалӣ намудани кишти зироатҳои гуногун дар заминҳои назди участкаҳои интихоботӣ ба раисон ва аъзоёни ин участкаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *