Хабарҳо

Раванди омодагиҳо ба интихоботи президентӣ

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, имрўзҳо дар 31 участкаҳои интихоботии ноҳияи Панҷ омодагиҳои лозима дида шуда истодаанд.
Аллакай бо қарори раиси ноҳия комиссияи ноҳиявӣ оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, раис ва дигар аъзоёни ин комиссия мунтазам аз участкаҳои интихоботӣ дидан менамоянд.
Зимни азназаргузаронии участкаҳои интихоботии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳбарият ва аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ба масъулини участкаҳои интихоботӣ бобати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи дар пешистода тавсияҳои судманд пешниҳод намуда истодаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *