Кишоварзӣ

Қабули нахустин ҳосили пахта дар ҶСК «Саройкамар»

 

Бо мақсади иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ба муносибати рӯзи қабули пахта «Корвони сурх» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саройкамар»-и ноҳия санаи 20 августи соли 2020 бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер, муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардид.
Дар ин ҷамъомад ҳамзамон мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кишоварзони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва як зумра фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози ҷамъомад узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Дар заминаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъат бахшидани корҳои соҳаи кишоварзӣ бахусус кишти пумбадона ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта соли равон кишоварзони ноҳияи Панҷ дар майдони 6674 га замин кишти пумбадона гузаронидаанд, ки имрӯзҳо нашъунамои он дар ҳолати хуби агротехникӣ қарор доранд.
Айни замон шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия 5446 ададро дар бар мегиранд, ки аз ин шумора 4700 ададаш хоҷагиҳои пахтакор мебошанд.
Соли 2020 Дурнамои кишти пахта ва ҷамъоварии ҳосили он 14950 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба ҳар гектар 22,4 сентнерӣ рост меояд».

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *