Сиёсат

Конференсияи ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Санаи 18 августи соли 2020 дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ конференсияи ғайринавбатӣ бо рӯзномаи: «омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди вакилон барои иштирок дар конференсияи вилоятии ҲХДТ» баргузор гардид.
Дар баргузории ин конференсия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ва сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *