Санаи 4 августи соли 2020 тибқи супориши протоколии маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия аз тарафи ситоди ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута бо мақсади пешгирӣ намудани хуруҷи мавҷи дуюми бемории коронавирус дар кӯчаву маҳаллаҳои маркази ноҳия, бозорҳо ва марказҳои савдо бо фаро гирифтани шумораи муайяншудаи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, масъалаи пешгирии хуруҷи дуюмбораи ин беморӣ, тоза намудани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ҳудуди бозорҳо, риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ҳамешагии ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Баргузор намудани чунин корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз тарафи аъзоёни ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус ва дигар шахсони масъул дар асоси нақшаи корӣ мунтазам идома ёфта истодааст.