Тандурустӣ

Вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ

 

 

Дар асоси супориши раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати пешгирии хуруҷ намудани мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус бо иштироки аъзоёни ситодҳои шаҳру ноҳиявӣ ҷамъомадҳо доир намуда истодаанд.

Тибқи нақша санаи 5 августи соли 2020 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М бо мақсади баргузор намудани ситоди ноҳиявӣ бобати пешгирии мавҷи дуюми ин беморӣ ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.

Ҷаласаи ситодро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари ситоди ноҳиявӣ, муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Нидозода Ҳ оғоз намуда, аз ҷумла чунин зикр намуд: «Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати инсонпарваронаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои ҷойдошта  тадбирҳои зарӯрию саривақтиро амалӣ намуда истодааст.

Аз рӯйи масъалаи рӯзномаи ҷаласа Раҷабзода М сардори Раёсати тандурустии вилоят, муовини роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус бобати паҳншавии бемории коронавирус ва хуруҷи мавҷи дуюми он изҳори андеша намуда,  роҳбарият ва аъзоёни ситоди ноҳиявиро вазифадор намуд, ки бо мақсади пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ тадбирҳои зарурию саривактиро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон аъзоёни ситоди ноҳиявӣ ва гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ки бо мақсади пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиро амалӣ намуда, худ ва наздиконашонро аз хавфи дуюмбораи ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *