Сиёсат

Модари ормонӣ ва хиёнату бемеҳрии Кабирӣ

 

Бобои Тилло ва кампири Сочак дар овони ҷавонӣ соҳиби фарзанде гардиданд, ки дар ойини амалишавии ҳавасу ормонҳои волидайнӣ,  садҳо умеду орзу нисбат  ба воя расонидани ин фарзанди шумро доштанд.

Муҳиддин номаш ниҳоданду бехабар аз он, ки тағдиру таърихи талхи ин фарзанд на танҳо ба дили  модару  падар  ва наздикону хешовандон, балки ба қалби садҳо ҳазор миллати тоҷик, доғи нангу хиёнатро ба бор хоҳад овард.

Кампири Сочак бо ҳазор меҳру муҳаббат фарзандашро калон кард, хӯронду пӯшонд, ба ӯ муҳаббати гарми модариро дод ва рисолати худро адо намуд. Аммо ин фарзанди хиёнаткору разил ва бераҳму хоин ба ҳангоми охирин нафасҳои ин модари ормонӣ, ки аз хиёнатҳои фарзандаш ашки ғаму надомат мерехт, дар наздаш набуда, ҳатто дар ҷанозаи ӯ иштирок накард. Зеро дар ин шабу рӯзҳо  Кабирии хоин бо даъвати хоҷагони берунааш дар давлатҳои хориҷ ба иғвоангезӣ, мардумфиребӣ  ва айшу ишрат бо хонумон машғул буд.

Ҷое, ки иштироки фарзандон дар ҷанозаи падару модар охирин рисолати фарзандон ба волидайн, ки ин дунёро падруд гуфтаанд мебошад. Вой, бар ҳолат, Кабирии хоину бераҳм! Ҳатто бори охир ба модари худат  раҳм накарди!!

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *