Ҳамдиёрони азиз,
Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне 27 июни соли 1997 барои мо мардуми тоҷик воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.
Ба ин хотир бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, соҳибистиқлолии кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ва меъмори ваҳдат, сулҳу оромӣ насиби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ гардид, ҳар сол санаи 27 июн дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамчун «Рӯзи ваҳдати миллӣ» таҷлил мегардад.
Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳамдиёрони азиз ва тамоми хурду бузурги ноҳияро бо ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик менамоям.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлоли кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро амалӣ кард.
Дар як суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки: «Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни бо эътимоди Истиқлолият ба яке аз мавзӯъҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат ба таври васеъ тарғиб намоем».
Бисту се сол муқаддам, яъне 27 июни соли 1997 бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳуриямон марҳалаи нав оѓоз гардид.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва қиммати сулҳу субботу ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Чунки баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ қариб 1 миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби даргирии ҷангҳои шаҳрвандӣ ва нооромии вазъи сиёсӣ ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус Ҷумҳурии исломии Афѓонистон паноҳ бурда буданд бо даъват ва кӯмаку дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шуданд.
Имрӯз бо гузашти 23 сол вақте ки ба таърихи начандон дури кишвари соҳибистиқлоли худ назар меафканем мебинем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ чӣ гуна қадру қиммат дорад. Бо ибораи дигар тамоми комёбиҳои кишварамон аз баракати сулҳу субот, оромии сиёсӣ ва сиёсати сулҳпар-варонаи абармарди даврони таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Дар баробари ин ҳар яки мову Шумо насли калонсол, яъне он нафароне, ки тамоми даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории мил-лиамон сафарбар намоем.
Маҳз тавассути сулҳу субот ва оромии кишвар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла ноҳияи мо низ дигаргуниҳои куллӣ ва дастовардҳои назаррас ба амал омаданд.
Дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳия, ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.
То имрӯз 113 иншоот бо маблағи 25 миллиону 443 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки 53,8 фоизи Нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои гузаргоҳ ва толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бинои панҷошиёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолон бо маблағи 3 миллиону 870 ҳозор сомонӣ, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50- солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, бо маром идома ёфта истодаанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, хуруҷ ва аҳншавии бемории сироятиии коронавирус (COVID-19) ва оқибадҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам аз тадбирҳои фаврии андешидашуда дар самти табобат ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин вабои аср вобастагии амиқ дорад. Бо вуҷуди коҳиши чашмрас, ҳамоно паҳншавии ин беморӣ идома дошта, то кунун беш аз 188 кишвар ва наздик ба 9 миллион нафар дар ҷаҳон сироят намудааст.
Имрӯзҳо бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар асоси нақшаи кории Ситоди ноҳиявӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, дар ин замина Беморхонаи марказии ноҳия бо маводҳои дорувории зарурӣ ва безараргардонӣ, инчунин духтурону табибон ва беморону ниёзмандон бо маҳсулотҳои хӯрокаи ниёзи аввалия таъмин карда шуданд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии ин вабои аср кӯмаки хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20-уми майи соли равон ба ноҳияи Панҷ расонида шуданд, ки аз 42 тонна маводҳои хӯрока аз ҷумла,8 тонна картошка, 8 тонна пиёз,8 тонна сабзӣ, 7 тонна орд, 5 тонна биринҷ, 2 тонна равған, инчунин 58 қуттии маводҳои гуногуни доруворӣ ва 6 намуди маводҳои хоҷагидорӣ, иборат буданд. Ҳамзамон то имрӯз ҷиҳати кӯмаку дастгирии беморон ва табибони Беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи соҳибкорони ноҳия маблағи 7 ҳазору 850 сомонӣ, 120 литр сузишворӣ, 100 кг гӯшт, 10 адад либоси махсуси худмуҳофизатӣ дастрас карда шудааст.
Инчунин аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба Беморхонаи марказии ноҳия 30 адад либосҳои махсуси тиббӣ, 30 адад айнак, 60 адад респиратор, 100 адад дастпӯшаки тиббӣ, 360 адад ниқоб ва 300 адад ниқоби яккарата кӯмак расонида шуд.
Маҳз тавассути андешидани тадбирҳои саривақтӣ имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус ноҳияи мо низ паҳншавии ин беморӣ ба маротиб коҳиш ёфта истодааст. Аммо шаҳрвандонро зарур аст, ки аз коҳишёбии ин беморӣ фориѓ нашуда, ҳамеша гигиенаи шахсиро риоя ва дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд. Зеро хуруҷи дуюмбораи коронавирус аллакай дар баъзе кишварҳои олам бори дигар ба вуҷуд омадааст.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон дар ноҳияи Данғара оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне президентӣ, сурат бахшидани кишти такрорӣ аз ҷумла картошка, пиёз, ҷуворимака, мошу, шолӣ ва дигар лубиёгиҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, гирифтани 3-4 ҳосил аз қитъаҳои замин ва захираи хӯроки дусола, чораҳои заруриро амалӣ созанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳия минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош намуда, намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон хоҳанд дод.
Бигзор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад.
Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!