PostHeaderIcon Чораҳои пешгирикунанда оид ба бемории Коронавирус

Дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП 1365 «Оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии «Коронавирус» (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри раиси ноҳия аз 1 апрели соли 2020, №27 ба тасвиб расидааст.266Санаи 30-юми апрели соли равон бо мақсади иҷрои амри мазкур гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар аъзоёни Ситоди доимоамалкунанда вобаста ба пешгирии ин бемории сироятии вабои аср, ҷиҳати ташкили корҳои ободонию тозагӣ, безараргардонӣ, ҳифзи муҳити зист, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне “президентӣ”,заминҳои назди бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Акбар Шарифӣ, ва Меҳрубон Ҳасани ҷамоати шаҳраки Панҷ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.267Инчунин дар якҷоягӣ бо ШВКД- дар ноҳия, Марказӣ назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, идораи сӯхторхомӯшкунӣ кӯчаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Панҷ, бозорҳои ноҳия ва марказҳои савдо бо дорувории гипохлориди натрий безарар гардонида шуданд268269Амалӣ намудани тадбирҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави «Коронавирус» (COVID-19), мунтазам безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, тиббӣ ва корхонаву идораҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ва захираи маводи хӯрокаи ниёзи аввал, идома ёфта истодааст.

 

PostHeaderIcon «ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС – ҲАМЧУН ВАБОИ АСР»

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП 1365 «Оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии «Коронавирус» (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри раиси ноҳия аз 1 апрели соли 2020, №27 ба тасвиб расидааст.262Дар асоси амри мазкур ситоди ноҳиявӣ ва гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии ин беморӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.263265Дар доираи иҷрои ин Амр саннаи 29 апрели соли равон аъзоёни гуруҳи корӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут вобаста ба пешгирии бемории “Коронавирус”, риояи гигиенаи шахсӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне президентӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва раванди дигар корҳои саҳроӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

 

PostHeaderIcon Маҷлиси сайёри муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Н

Санаи 24 апрели соли 2020 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мирзозода Н оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори саҳроӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ бахусус «Коронавирус» ва тозагии ҳифзи муҳити зист дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ санҷиш доир намуданд. Баъд аз анҷоми санҷиш дар назди муовини раиси вилоят маҷлиси сайёр доир гардид.

Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси ноҳия Нидозода Ҳ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тезонидани рафти корҳои саҳроӣ аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз ҷумла «Коронавирус», захираи дусолаи хӯрока, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне Президентӣ, гирифтани 3-4 ҳосил дар як мавсим ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои мубрами рӯз муфассал маълумот доданд.

Муҳтарам Нидозода Ҳ иброз намуд, ки бо мақсади раванди вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори саҳроӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла «Коронавирус» ва тозагии ҳифзи муҳити зист имрӯз гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мирзозода Н ба ноҳияи Панҷ ташриф оварда, вобаста ба масъалаҳои мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия санҷишҳо доир намуданд.

Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Н вобаста ба натиҷаи санҷиши гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ, ки дар ҷамоатҳо вобаста гардида буданд, пурсиш намуданд.

Зимни суханронии худ муовини раиси вилоят диққати ҳозиринро бештар ба раванди истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, бахусус заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, яъне «президентӣ» ва наздиҳавлигӣ, гирифтани 3-4 ҳосил дар як мавсим аз заминҳо, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла «Коронавирус», ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, тозагии ҳифзи муҳити зист ва манзилҳои истиқоматӣ, риояи пайвастаи гигиенаи шахсӣ, ҷалб намуданд.

Дар ин замина вобаста ба пешгирии ин бемории вабои аср ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ санаи 28 апрели соли 2020 дар ҳудуди кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ ва деҳоти Озодагон шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа, бахши кор бо занон ва оила, кормандони маркази саломатии ноҳия ва дигар шахсони масъул сухбату вохӯрӣ доир намуданд.

 

PostHeaderIcon Чораҳои пешгирӣ аз вабои аср “Коронавирус”

Имрӯз бештари кишварҳои оламро яке аз бемориҳои ба ҷони инсоният хатарнок, ки вабои аср унвонаш медиҳанд, яъне бемории “Коронавирус” ба ташвишу таҳлука рӯ ба рӯ намудааст.

Хушбахтона то имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бо мақсади пешгирӣ аз ин бемории затарнок тадбирҳои пешгирикунанда амалӣ гардида истодаанд.259Бо ин мақсад дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП 1365 «Оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии «Коронавирус» (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри раиси ноҳия аз 1 апрели соли 2020 ба тасвиб расидааст. Дар асоси амри мазкур Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии ин беморӣ таъсис дода шудааст.260Ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили корҳои ободонию тозагӣ, безарарргардонӣ, ҳифзи муҳити зист, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин ёрирасони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ амри раиси ноҳияи Панҷ аз 23 апрели соли 2020, №40 ба тасвиб расидааст.261Гуруҳи корӣ ва ситоди ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба пешгирии бемории мазкур, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне заминҳои “президентӣ”, хоҷагиҳои деҳқонӣ, гирифтани 3-4 ҳосил дар як сол тариқи усули «Хона ба хона» суҳбату вохуриҳо доир намуда истодаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии ин беморӣ дар самти истифодаи маводу дорувориҳои зиддиепидемикӣ зимни суҳбату вохӯрӣ дар ин хоҷагиҳо санҷишҳо низ доир карда шуданд. Ба ғайр аз ин 174 хоҷагиҳо, қисми ҳарбии 0332-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва тамоми муассисаҳои таълимии ва томактабии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаю маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Панҷ раванди тавассути дорувориҳои махсус безараргардонӣ, идома ёфта истодааст.

 

PostHeaderIcon Душанбе – хонаи умеди мо!

Давоми 1 соли охир пойтахти ҷумҳуриямон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои сафар ва саёҳати виртуалӣ ба осорхонаю маконҳои тамошобоби шаҳру кишварҳои ИДМ шомил гардида, имрӯз бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиёву Аврупо муносибатҳои бародарона барқарор карда шудааст.

Ҳамзамон давоми се соли охир раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайату намояндагони корпусҳои дипломатии ниҳодҳои байналмилалии муқими пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва ниҳодҳои дохилӣ суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд, ки аз ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи раиси ҷавони шаҳр дарак медиҳанд.

Маҳз тавассути бунёдкорӣ, ташаббусҳои созанда ва кӯшишҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз пойтахти ҷумҳуриямон ба яке аз маконҳои зебову ҳайратовар ва тамошобоб табдил гардида, дили ҳазорон меҳмонони дохилу хориҷи кишварро ба ҳайрат овардааст