PostHeaderIcon Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони ҶҚ  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд.  Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Муроҷиати Гулнора Воҳидова ба мухолифини дузд

alt

Аз номи модари ман истифода набаред. Мо ба ташкилотҳои байналмилалӣ аз болои Шумо шикоят мекунем.

Суханони волои Гулнора Воҳидова мушти обдорест ба пешонии кӯтаҳақлони аср – наҳзатиҳои бериё, ки аз обрӯи ҳамсари Воҳидов бе иҷозати ӯ истифодаи сӯ мекунанд.

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза дар Тоҷикистон талош намуда аз ҳар воқеву ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯх дода,

Муфассал...

 

PostHeaderIcon С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:

Муфассал...

 

PostHeaderIcon Маҷлиси натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи аввали соли 2019

Санаи 13-уми июли соли равон Маҷлиси натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюм баргузор гардид, ки дар кори ин маҷлис муовини якум ва   роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку деҳот, сардорони марказҳои хизматрасонии бонкӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва ҷонишинон оид ба тарбия, сарварони муассисаҳои томактабӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, иштирок доштаанд.

Дар маҷлис инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло, сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилояти Хатлон Мирзоев Давлатхуҷа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори маҷлис аз рӯйи рӯзномаи он оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюм гузориши муовини якуми раиси ноҳия Асомиддинзода Шарофиддин шунида шуд.

Сипас Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло вобаста ба масъалаи мазкур сухан карда ҷиҳати бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани нимсолаи дувуми соли равон ба роҳбарият ва дигар масъулини ноҳия дастуру тавсияҳои судманд доданд.