Дар марҳилаи ҳозираи ҷомеаи инсонӣ терроризму экстремизм ҳамун зуҳуроти хатарбор ба душмани асосии давлату миллат, қавму халқҳои гуногуни минтақаҳо ва ҷаҳон, дар маҷмуъ ба душмани воқеии башарият табдил ёфтааст. Маҳз ба ҳамин маънӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизим ва терроризм барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ шуда истодааст. Тибқи муқаррарот ин ҳуҷҷат ба хотири пешгирӣ […]
Вохӯри бо ҷамоат
Гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳо
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд. Ин гурӯҳҳо шуруъ аз 6 феврали соли равон ба ҳамаи ҷамоатҳо рафта, Паёми Президент, дастуру супоришҳои дар он ироашударо ба мардуми маҳаллаҳо бори дигар фаҳмонда, ҳамзамон […]
Соҳаи кишоварзиро вусъати тоза бахшем
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва раиси вилоят гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуд, ки аз 8-ум то 13-уми августи соли равон дар ҷамоатҳои деҳот бо мардуми маҳаллаҳо вохӯрда, онҳоро бо вазъи имрӯзаи ҷаҳон, таъсири манфии буҳрони шадиди иқтисодӣ ба ҳамаи минтақаҳои олам, минҷумла Тоҷикистон ҳам бори дигар ҳушдор намуданд. […]
Сафари кории Сарвазир ба ноҳияи Панҷ
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кору фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд. Рӯзи 19 феврали соли равон Сарвазир ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Сараввал аз рафти корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳи обкашии «Файзобод-қалъа»-и ҷамоати деҳоти Намуна дидан карданд. Ин […]
Масъулиятшинос бошем
Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати расонидани нуктаҳои асосии Паём ба мардуми ноҳия, ҳамчунин рафти иҷрои корҳои саҳроӣ дар ҷамоатҳои деҳот, ободонию кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, шудгоркунии заминҳо дар фасли сармо, кандани ҷӯю ҷӯйборҳо, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, кишти картошка, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар байни мардум
Тавре иттилоъ дода шуд, аз 2 то 9 январи соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ баромада, бо интихобкунандагони худ мулоқотҳо оростанд. 7 январ вакилони Маҷлиси намояндагон Г. Шарофзода, З. Раҳмонзода ва Ҷ. Қурбонзода ба ноҳияи Панҷ омада, бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузарониданд. Дар ин вохӯриҳо […]
Ҷаласаи сайёри муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У дар ноҳияи Панҷ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17-уми апрели соли равон баён доштанд, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми майи соли равон […]
Баргузор намудани маҷлисҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
Тибқи амри раиси ноҳияи Панҷ аз 7 июли соли 2020, №66 Гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия «Оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ ва раванди корҳои саҳроӣ аз ҷумла кишти картошка, […]
Ҷаласаи сайёри муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У дар ноҳияи Панҷ
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №9 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17-уми апрели соли равон баён […]