Ба наздикӣ дар ноҳия маҷлиси ҷамъбастии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2023 баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи зикршуда муовини якуми раиси ноҳия ҳ. Нидозода гузориши муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат […]