Хабарҳо

ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ

Муқаддима Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад, ки чунин афзалиятро тавассути забон ва амали мувофиқ ба муҳтавои майнаи хеш, мақсаднок, бо дарназардошти оқибати кирдори содиркардааш ва дарки фаҳми натиҷаи он ба намоиш мегузорад.

Сиёсат Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.

Сиёсат Хабарҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Хабарҳо

Қиссаи хонахарии қаллоби аср ва ҳанноти гузаро Д.Атовулло

Чӣ диловарест дузде ки ба шаб чароғ дорад Тамоми саодат ва фарҳехтагӣ дар аҳд аст, дар тиннат аст, дар шарафу садоқат аст, дар ғуруру ҷавонмардист… Ҳатто агар дар муқобили ноҷавонмардону дар баробари ноҷавонмардӣ қарор бигиред, инро бояд дар назар дошта бошед. Шинохти ноҷавонмард бузургтарин неъмат аст, ки инсон дармеёбад ва комгору комёб мешавад.

Сиёсат Хабарҳо

Бозтобе аз рӯйдодҳои зиндагӣ

(Карим Давлат «Хандаи чашм». – Душанбе: Русская литература, 2022, 352 с.) Зиндагии инсон пур аз рӯйдодҳост, ки дарку маърифати онҳо ба кас ҳам сабақи ҳаёт меомӯзаду ҳам завқи рӯзгордорӣ. Рӯйдодҳо гуногунанд. Онҳоро аз нигоҳи тавлид ба табиӣ ва иҷтимоӣ, вобаста ба оқибат фараҳбахш ва мудҳиш, аз ҷиҳати таъсир ба барангезанда ва хушҳолкунанда метавон ҷудо кард. […]

Сиёсат Хабарҳо

Ҷавононро гумроҳӣ ба ифротгароӣ мебарад

Аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир, вақте мегӯем, “ҷомеа”, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст.

Сиёсат Хабарҳо

ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИ

Пас аз ба даст овардани Истилоли давлати роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи ташаккули худшиносии милли таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бад ин васила бо андешидани тадбирҳои муҳим мардуми мамлакатро ба ҳифзи арзишҳои милли, таҳкими пояҳои давлатдори ва таъмини амнияти давлат ҳидоят намуд.

Хабарҳо

НАҚШИ ОИЛА ДАР ПЕШГИРИИ ХУРОФОТПАРАСТИ

Оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калиди дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо […]

Сиёсат Хабарҳо

ШАБАКАҲОИ ИҶИМОӢ ВА ХАТАРИ ИНҚИЛОБҲОИ МУОСИР

Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Сиёсат Хабарҳо

Доғи сиёҳ дар таърихи миллат Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.