Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З. Ф бахшида ба Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (9 майи соли 2024)

 

Ҳамдиёрони азиз!

Гузашти замон бо воқеаҳои сахту сангин ва сарнавиштсозаш бо сароҳат собит намудааст, ки танҳо ваҳдату сарҷамъӣ ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ метавонад ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши таърихиро бартараф ва дар ниҳоят як падидаи ояндасозро ба бунёд гузорад.

Баъди сипари гардидани зиёда аз ҳазору сад сол ба миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик муяссар шуд, ки бо нерӯву  истеъдод,  муҳаббати беназираш ба ин Ватану сарзамин, бо басират ва хиради воло, ва пеш аз ҳама бо кору пайкори беназири  фарзанди фарзонааш  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлатдории миллии тоҷикро бори дигар эҳё намояд. Бунёди кохи муҳташами давлатдории миллӣ бо тамоми аркони муносиби сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ дастоварди беҳамтои халқи тоҷик дар масири таърихи дурудароз ва пуршебу фарозаш мебошад.

Дар таърихи тулонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар гардида, дар масири ҳаёти инсоният абадан боқӣ хоҳанд монд. Яке аз руйдодҳои муҳиму даҳшатангез, ки таърихи башарият то имрӯз назирашро надидааст, сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Ин ҷанги хонумонсӯз соли 1941 оғоз гардида то соли 1945 идома ёфт.Санаи 9 майи соли 1945 дар масири таърихи инсоният, бахусус, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  абадан боқӣ хоҳанд монд, зеро дар ин рӯз ба ин ҷанг, ки ҷони миллион нафарро рабуда ва ҳазорон нафари дигарро бехонумон кард, хотима бахшида шуд.  Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва ашхоси калонсол барои наслҳои имрӯза гиромиву муқаддас аст, зеро он рамзи  ватандӯстиву фидокорӣ, шуҷоату  мардонагӣ ва далерии гузаштагони мост.

Бо ибрози сипосу эҳтиром тамоми  сокинони ноҳия, бахусус собиқадорони меҳнатро ба муносибати 79-умин солгарди «Рӯзи Иди Ғалаба» табрик намуда, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия фазои орому осуда, сулҳу амонӣ, осоишу оромӣ, рӯзгори пур аз саодату комёбӣ ва хонаи ободро таманно дорам.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатноки он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад. Гузашта аз ин солҳо сипарӣ мегарданд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки дар ивази ҷони худ инсониятро аз офати ҷангу хунрезӣ ва нобудшавӣ наҷот бахшиданд, чун корнамоиҳои аҷдодии диловаронамон ҷовидон боқӣ мемонад. Насли калонсол барои мо заҳмат кашиданд ва имрӯз ёриву дастгирии мо дар ҳаққи онҳо махсусан собиқадорони ҷангу меҳнат, барои наслҳои оянда сабақи зиндагӣ ва таърихӣ мебошад.

Сабақҳои талхи таърих ва мубориза дар ин ҷанги даҳшатбор ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки ба хотири пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда дӯстиву ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳоро таҳкиму  густариш бахшидан амри зарурӣ ва ҳаётан муҳим аст.

Имрӯз ки вазъи сиёсии ҷаҳон ниҳоят ноором ва торафт мураккабу печида гардида, амнияти мардуми сайёра бар асари таҷдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, фурӯши яроқу аслиҳа, тағийёрбии босуръати иқлим ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб ба таври ҷиддӣ халалдор шуда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни ҳар як сокини ноҳия муҳим мебошад. Зеро дар натиҷаи ҷангу низоъҳои мусаллаҳонае, ки солҳои охир дар баъзе аз манотиқи кишварҳои гуногуни сайёра рух дода истода, баъзе онҳо то ҳанӯз идома доранд, шумораи ҳалокшудагон ва зарардидагонашон аз давраи солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон гузаштааст.

Бинобар ин мо бояд ба наслҳои имрӯза сабақҳои сахту сангин ва нангину даҳшатбори таърихи инсониятро омӯзонида онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия намуда ба камол расонем.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ниҳоят Ғалаба бар душман ва аз зулму асорати онҳо раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ бар онҳо пирӯз шуда наметавонад.

Ба ибораи дигар Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ муяссар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.

Бояд хотирнишон созем, ки дар солҳои хунини даҳшатбор ва фоҷиаангези  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки тули 5 сол идома ёфт дар баробари дигар халқияту миллатҳо ҷавонмардони далеру шуҷои ноҳияи мо низ иштирок намуда, Ватани худро аз ҳуҷуми даҳшатбори душманон ҳимоят намуданд.

Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба  собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсониву имонии ҳар як шахси савобҷӯй мебошад. Хотираи неки он ҷавонмардоне, ки баҳри озодӣ ва ҳимояи Ватану давлати худ ҷоннисорӣ намудаанд дар хотираи мо насли имрӯзаву ҳам оянда абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати расонидани кӯмакҳои моддӣ ба собиқадорони  меҳнат, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва умуман бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯмак расонида истодааст. Зеро ғамхорӣ дар ҳаққи чунин ашхос ва ятимону маъюбон самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагии ашхоси калонсол ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу бум ва манфиатҳои миллату давлат сабақи зиндагӣ  ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин бояд хуб дарк намоем, ки нигоҳ доштани ягонагии марзу буми мамлакат, ҳифзи ҳимояи сарҳади давлатӣ, таъмини амният, пуштибонии қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама амнияту оромии ҷомеа, ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистон содиқона хизмат намудан мероси аҷдодии мо мебошад.

Ин омил ҳамаи насли имрӯзу фардоро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи ҷумҳуриамон Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саъю талош намоянд.

Дар интиҳо бори дигар тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияро ба муносибати  Иди ғалаба табрик менамоям.

Бигзор ҳамеша сулҳу амонӣ, оромиву осоиш дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон   ҳукмфармо бошад.

 

 

Ҳамеша саломату сарбаланд ва саодатманду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *