Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон […]
Хабарҳо
НОҲИЯИ ПАНҶ. БА ОИЛАИ АФСАРИ ҲАЛОКШУДАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ ГАРДИД
Имрӯз, 6 ноябр, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуданд. Зимни суҳбат раиси вилоят таъкид карданд, ки […]
ПАНҶ: РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲАИ СЕЛГАҲ БОЗДИД НАМУДАНД
Имрӯз, 6 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаи Селгаҳи деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут шинос гардиданд. Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаву роҳҳои маҳаллӣ, бо ташаббус […]
ОМӮЗИШИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ.
Имрӯз, 5 ноябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби мутахассисони Агентии инноватси ва техналогияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзиши бо коргузорони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронии гузаронида шуд.
Конститутсия пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳо
Соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад, зеро қабули Қонуни асосӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд замина гузошт. Аз ин рў, ҳамасола 6 ноябр дар мамлакат Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. […]
Имрӯз дар толори МТМУ рақами 2 ноҳияи Панҷ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Иброҳимиён А. К.
Имрӯз дар толори МТМУ рақами 2 ноҳияи Панҷ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Иброҳимиён А. К., ва аъзоёни Шӯро сардори ШВКД Шамсуллозода Б. С., сардори Шуъбаи РКДАМ Муродалиев Д. А., Сардори бахши Хадамоти иҷро Салимзода Н. ва сардори нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Файзуллозода Х. баргузор гардид. Дар ҷаласа […]
ИСТИҚБОЛИ САМИМИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ
Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Ёров Мусамир, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи химия сазовори ҷойи сеюм ва омӯзгори ҳамин муассиса Раҷабова Рузигул дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” соҳиби ҷои дуюм гардидаанд бо самимияти хосса аз ҷониби раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ва […]
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАҚОМОТИ СУДӢ.
Муҳтарам кормандони мақомоти судӣ! Шуморо ба муносибати Рӯзи мақомоти судӣ самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Мақомоти судӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва волоияти қонун нақши муҳим ва арзишманд доранд. Фаъолияти содиқона, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои қонун […]
