8 октябри соли равон дар ҷаласаи васеи раиси ноҳия масъала «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нуҳ моҳи соли 2022» мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар он роҳбарон, ҳамаи фаъолон, мутасаддиён, инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқизода З.А. ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. иштирок доштанд. Аз рӯи […]
Author: n.panj
Забон-рукни асосии миллат
Ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишварамон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияи мо низ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади мутантан барпо гардид. Дар ҷамъомад роҳбарони ноҳия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба сухан баромада, […]
Хизмати Ватан мардонагист!
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби ҷавонони воқеан тануманду далер дар комиссариатҳои ҳарбии мамлакат оғоз ёфта, имрӯзҳо идома дорад. Бо ҳамин мақсад якуми октябри соли равон 45 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳияи мо аз ин маърака дур намонда, ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд. Дар маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” роҳбарони мақомоти […]
Қарори Раиси ноҳияи Панҷ дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон Раиси ноҳияи Панҷ […]
Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф. дар чорабинии тантанави бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9.09.22)
Ҳамдиёрони азиз, меҳмонон ва ҳозирини гироми! Дар масири ҳазорсолаҳои таърих оини давлату давлатдории тоҷикон мушкилиҳои сахту сангин ва гузашта аз ин таназзулу эҳё шуданро аз сар гузаронида, дар натиҷа боз аз сари нав эҳё шудаву камолоти нав ва афзунеро ноил гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри 20 ба […]
Маориф – рукни асосии давлат
Соли нави таҳсили 2022-2023 торафт наздик расида истодааст. Ба ин муносибат аҳли маорифи ноҳия ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаанд. Семинарҳои омӯзишӣ ва омодагӣ ба оғози бомуваффақияти соли нави таҳсил гузаронида шуданд. Тавре мудири кабинети дастурдиҳӣ (методӣ) Э. Носиров иттилоъ дод, якчанд номгӯи семинарҳои фаннӣ, ҳамчунин семинар бо сарварони таълимгоҳҳо, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, роҳбарони синфҳо, мудирони […]
Гурӯҳи кории вилояти Хатлон дар ноҳия
Дар асоси супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гурӯҳи кории вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Муҳаммадӣ Шарифзода ба ноҳияи Панҷ ташриф […]
Соҳаи кишоварзиро вусъати тоза бахшем
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва раиси вилоят гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуд, ки аз 8-ум то 13-уми августи соли равон дар ҷамоатҳои деҳот бо мардуми маҳаллаҳо вохӯрда, онҳоро бо вазъи имрӯзаи ҷаҳон, таъсири манфии буҳрони шадиди иқтисодӣ ба ҳамаи минтақаҳои олам, минҷумла Тоҷикистон ҳам бори дигар ҳушдор намуданд. […]
Баргузор намудани нишасти матбуотӣ
Санаи 27-юми июли соли 2022 дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 №1729 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуоти бо роҳбарони идораҳо ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022” бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ, дар ноҳияи […]

