Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Иброҳимиён А.К. ба муносибати таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24.11.26

Ҳозирини арҷманд!

Барои ҳар як давлату миллат Парчам нишонаи давлатдорӣ ва рамзи саодату озодии ӯст. Чӣ тавре ҳамаи насли калонсол шоҳид мебошанд соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки баъд аз пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бори дигар аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак дод.
Қабул гардидани ин Парчам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми он нишонаи соҳибдавлатӣ ва рамзи бахту саодат гардид.
Яке аз қадамҳои таърихие, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мусаллам аст, ки Парчам нишонаи ҳокимият дар ҳар як қаламрави сохти давлатдорӣ мебошад ва болову парафшон шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии хирадмандонаву оқилона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида истодааст самимона табрик намуда, ба ҳар як сокини ноҳия тансиҳативу хушбахтӣ, сарфараозӣ ва рӯзгори ободу осудаашонро хоҳонем.
Ҳамдиёрони азиз!
Як зумра муаррихону донишмандони таърих нахустин Парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба Парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолативу ҷаҳолат ва разолати Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро Парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.
Ба қавли муаллифи Шоҳнома Ҳаким Фирдавсӣ пас аз шикасти Заҳҳок Фариддуни Отибин Парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро «Дирафши Ковиёнӣ» ном ниҳод.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи як кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ намуда ба оламиён аз мавҷудияти як давлати тозаистиқлол, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, мужда медиҳад.
Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус, махсусан ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд маъво дошта, ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибифтихорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Имрӯзҳо хушбахтона дар доираи дастгирӣ аз иқдому ташаббусҳои наҷибонаву хирадмандона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ Нишону Парчамҳои давлатӣ барафрохта шуда истодаанд, ки барои бозҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва ватандӯстии сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.
Барои тамоми сокинони ноҳия боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия Парчами давлатӣ бо баландии 45 метр барафрохта шуда, майдони он мавриди истифодаи сокинону меҳмонон қарор дода шуд.
Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни муборизони роҳи озодӣ ва сабзии хатти дафтару девони гузаштагон маншаъ мегирад, ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ инъикос гардидаанд.
Бинобар ин арзанда аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад, зеро Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат ва давлатдории он гувоҳӣ медиҳад.
Ба ин хотир таманнои онро дорем, ки бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории тоҷикон ва поси хотираи ниёгон ва ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои осоиштаи кишварамон, то абад парафшон ва илҳомбахши раванди бомароми созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва мардуми фарҳангсолору тамаддунофари тоҷикон бошад.
Бори дигар «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *