Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Иброҳимиён А.К ба муносибати таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик»

Муҳтарам хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, ҳозирини гиромӣ!
Дар масири соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи хосаву бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар баробари ин ҷиҳати амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши муҳим гузоштанд.
Мусаллам аст, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаву бунёдкоронаашон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ садҳо бинову иншоотҳои замонавӣ муҷҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизотҳои муосир сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз ҳайати шахсӣ аз он самаранок истифода бурда истодаанд.
Ин аст, ки бо иқдому ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар кишвар санаи 10 ноябр ҳамчун «Рӯзи милитсияи тоҷик» таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсат тамоми ҳайати шахсӣ ва кули кормандони мақомоти корҳои дохилаи ноҳияро ба муносибати таҷлили ҷашни касбиашон самимона табрик намуда, дар адои вазифаи пурмасъулият ва пуршарафи давлатиашон, ки бар нафъи давлат ва халқи Тоҷикистони азиз равона карда шудааст, муваффақият ва барору комёбӣ таманно дорем.
Меҳмонон ва ҳозирини арҷманд!
Бо вуҷуди даргириҳои сиёсӣ ва дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хушбахтона бо хизматҳои шабонарӯзии фарзанди Фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, имрӯз баъди сипарӣ гардидани 35-соли созандагиву бунёдкорӣ, дастовардҳои беҳамтои замони Истиқлолияти давлатӣ арзиши таърихии ин санади муҳимро нишон дод.
Яке аз чунин ниҳодҳои қудратие, ки дар даврони Истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташударо бошарафона иҷро намуда, якҷо бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузошта, имрӯз низ ин рисолати ба зиммадоштаи худро низ сарбаландона адо намуда истодаанд, мақомоти корҳои дохила мебошад.
Имрӯз хушбахтона дар ноҳия шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмин намудани волоияти қонун фаъолият намуда истодааст, ки дар оромиву субот,таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни аҳолии ноҳия, саҳми басо арзишманд ва босазои худро гузошта истодаанд.
Маҳз тавассути ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва фаъолияти пурсамару шабонарӯзии роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кули кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ҷиноятҳои содиргардида сари вақт ошкор карда шуда, бобати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Маврид ба зикри хост аст, ки соли 2024 бо ташабусу иқдоми бевоситаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, полковники корҳои дохилӣ, муҳтарам Шамсуллозода Баҳром Салом бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, барои фаъолияти бозҳам пурсамари кормандони ин ниҳоди дохилӣ шароитҳои наву замонавӣ фароҳам оварда шуд.
Муҳтарам кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Боварӣ дорем, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия минбаъд низ аз иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон дошта ва супоришҳое, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар назди онҳо гузоштанд, сарбаландона баромада, дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҳифзу ҳимояи сулҳу субот ва оромии ноҳия саҳми арзандаву ҷавонмардонаи худро хоҳанд гузошт.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бахшида ба иди касбиатон табрик намуда, ба ҳар яки Шумо сарбаландӣ, тансиҳатӣ барору комёбӣ ва саодати ҳамешагии рӯзгоратонро таманно дорем.
Иди касбиатон муборак, муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *