Кабирӣ, ки бо сабаби ҷиноятҳо дар кофтуков қарор дорад, зимни яке аз мусоҳибаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тоҷиру пулдор буданашро таъриф карда, қиссаеро ҳам нақл карда буд, ки гӯё аввалин пули худро аз дулонафурушӣ ба даст оварда бошад ва аз ин ҳисоб ба модараш асбоби мусиқию ба худаш рафи китобмонӣ харида бошад.
Аммо воқеият дигар асту аз куҷо пулдор шудану чи гуна тиҷорат кардани Кабирӣ ба ҳама маълум аст. Аввалин пули ба даст овардааш на аз ҳисоби дулона, балки аз ҳисоби сарпарастони террористи наҳзатӣ буд, ки барои амалҳои зиддимиллӣ харҷ мешуд. Инро пинҳон медорад. Вай дар асл як қаллобесту мардумро фиреб медиҳад. Ҳамеша бо макру ҳилла мехоҳад одамонро гумроҳ кунаду манфиат ба даст орад.
Дар асл, мақсади асосии Кабирӣ ҳамеша ба даст овардани пулу мол буд ва имрӯз низ ҳамин ҳадафро пайгирӣ менамояд. Маълум аст, ки ҳануз аз давраи ҷавонӣ дар Кабирӣ хусусиятҳои пулпарастӣ ва ҳарисӣ ба моли дунёӣ шакл гирифта буд. Мисол, дар соли 1992 ҳангоме ки аксарияти наҳзатиҳои ҳаммаслакаш ба Афғонистон фирор карда буданд, вай дар шаҳри Москва қарор дошт. Дар он ҷо аз ҳисоби пулҳои аз сарпарастони хориҷӣ талабидаи наҳзатиҳо ҳам таҳсил мекард ва ҳам ба тиҷорат машғул буд.
Кабирӣ пулҳои наҳзатро дар Москва бо қаллобии ба худ хос чалонда, сарвату дороӣ ба даст меовард. Тадриҷан ба як тоҷири қаллобе табдил ёфт ва тамоми фаъолияти минбаъдаи вай маҳз аз мавқеи манфиати шахсиаш, яъне барои ба даст овардани фоидаи шахсӣ амалӣ гардидааст. Хусусан, вақте ки раиси ТТЭ ҲНИ шуд, ин ташкилоти террористиро ба як воситаи пулкоркунии худу хонаводааш табдил дод.
Ошкор шудааст, ки Кабирӣ дину мазҳабро ҳамчун воситаи ба даст овардани манфиати моддӣ истифода мекард ва мекунад. Ба хотири гирифтани пули бедардимиён ва аз худ кардани моликият вай аз ягон амали зишт ҳам худдорӣ намекунад. Масалан, тамоми супоришу дастури хоҷагони хориҷиашро, ки бар хилофи манофеи миллӣ мебошанд, бар ивази пулу мол иҷро менамояд.
Барои Кабирӣ мафҳумҳои мисли миллат, Ватан, озодӣ, мардум, дину мазҳаб, демократия, инсонсолорӣ ягон арзише надошта, танҳо воситаи рӯйпуш кардани мақсадҳои ғаразнокаш мебошанд. Ин воситаҳоро саркардаи наҳзатӣ ҳам замони дар дохили кишвар буданаш ва ҳам имрӯз истифода мекунад.
Кабирӣ лоф мезанад, ки гӯё то ба сиёсат ворид шуданаш тиҷорат кардаву пулдор буд. Аммо маҳз дар замони вакили парлумон ва раиси ТТЭ ҲНИ буданаш дар Тоҷикистон тамоми имконотро истифода карда, як бизнеси калони хонаводагиро гардон карда буд. Лекин тиҷорати вай танҳо аз ҳисоби пулҳои ҳаром буд. Аз як тараф аз сарпарастони хориҷиаш пул мегирифт, аз тарафи дигар баъзе соҳибкорони ноогоҳро ба доми макри худ дароварда, аз ҳисоби онҳо маблағ ба даст меовард. Инчунин вай бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва қаллобӣ чандин моликияти давлату ҷамъиятро аз худ карда буд.
Аммо найрангҳои Кабирӣ, ки дар зери ниқоби фаъолияти сиёсӣ ва дину мазҳаб пинҳон шуда буданд, ошкор гардиданд. Вай баробари ошкор гардидани феребу найрангаш рӯ ба гурез ниҳод ва айни замон дар хориҷа аз ҷавобгарӣ дар назди қонун панаҳ бурда, фаъолияти тахрибии худро бар зидди Ватану миллат тавассути паҳн кардани матолиби иғвогарона дар сомонаҳои ифротиаш ба роҳ мондааст.
Яқин аст, ки ин гуна найрангбозиҳояш дигар ба кор намераванд. Зеро мардум медонанд, ки Кабирӣ ҳануз то гурехтанаш аз кишвар чи гуна қаллобиҳо дошт ва аз ҳисоби моли ҷамъият фоида ба даст меовард.
Вай ҳанӯз дар замони дар Тоҷикистон фаъолияти сиёсӣ доштану вакили парлумон буданаш бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳиллаву найранг аз худ карда, онро ба номи ҳамсараш номнавис карда буд. Даромади солони ин бозор каму ғам не, балки як миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ ва фоидаи панҷсолааш маблағи як миллиону панҷсад ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Бадтар аз ин, бозори мазкур дар ҷойи собиқ мактаби варзишии бачагону наврасони шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ташкил шуда буд. Яъне Кабирӣ бо амали зишташ ба мардум зарари чандтарафа расондааст.
Кабирӣ, ки сарчашмаи аввалини даромадашро дулонафурушӣ меҳисобад, дар вақташ бинои беморхонаеро, ки дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ воқеъ буда, масоҳаташ 10 гектарро ташкил медод, бо роҳи фиреб аз худ карда, хусусӣ намуда буд. Баъдтар беморхонаи мазкур ва замини атрофи онро бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба чанд нафар фурухта, манфиат ба даст овардааст. Дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари кишвар низ вай чандин иншоотҳоро аз худ карда, бо роҳи қаллобӣ фоида гирифтааст.
Баднафсии Кабирӣ торафт зиёд гашта, кор то ба дараҷае расид, ки дигар ба пулу мол қонеъ нашуда, хост, ки қудрати сиёсиро ба даст орад. Барои татбиқи ин ҳадафи шумаш дар сентябри соли 2015 даст ба хиёнату табаддулоти низомӣ зад. Албатта мақсадаш нопоку зиддимардумӣ, ки буд, ноком шуд.
Чанд рӯз аст, ки аз бадбахтии дар Россия рухдода – ҳамлаи террористӣ дар Москва истифода карда, худу ташкилоти касифашро таблиғ ва Ҳукумату давлати тоҷикро туҳмат дорад. Дар асл, он шаҳрвандоне, ки актҳои террористирт дар кишварҳои хориҷӣ содир мекунанд, ҳамагӣ парвардаҳои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Ҳатто агар аъзои ташкилотҳои дигари террористӣ бошанд, ҳам онҳо маҳсул ва натиҷаи таблиғоти ифротгароёнаи наҳзатиҳо мебошанд.
Насим Шарифзода,
собиқадори меҳнат
