Хабарҳо

Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро

 

Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷўем, некахтарем.

Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Ќубодиён дида ба дунё кушодааст. Ў ҳамчунин бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омўхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиён медарояд. Ў худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».
Баъдан, ў ба хидмати Салҷуқиён меравад ва ба кори дабирӣ мепардозад. Ба ин маънӣ дар «Сафарнома» чунин мегўяд: «Ман марди дабирпеша будам … ва ба корҳои девонӣ машғул будам ва муддате дар он шуғл мубошират намуда, дар миёни ақрон шуҳрате ёфта будам». Шоир ин бобат бо ифтихор мегўяд:
Ҳамон Носирам ман, ки холӣ набуд
Зи ман маҷлиси миру садру вазир.
Мутолиа ва мушоҳидаи зиндагии вазнини мардум, беадолатиҳои ҳокимони ғазнавӣ ва салҷуқӣ, фиребу найранги намояндагони дин, руҳониён, фақеҳон, шоирони маддоҳ, бавижа мутолиаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ба ҷаҳонбинии Носири Хусрав таъсири мусбат мерасонанд. Бинобар ин, дар тафаккураш тағйирот ба вуҷуд меояд. Ў ин тағйиротро бештар ба хоби худ, ки дар синни 40-солагиаш мебинад, иртибот медиҳад. Хулоса, ў ба ҷустуҷўи ҳақиқат мебарояд. Дар ин сафари маънавӣ ўро бародараш Абусаид ва як ғуломи ҳиндӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Носири Хусрав ҳафт солро дар сайру сафару ғурбат мегузаронад. Ў баъди зиёрати Макка ба ҳузури халифаи Фотимиёни Миср – Мустансир Биллоњ роҳ меёбад. Халифа ба ў унвони «Ҳуҷҷати Хуросон»-ро арзонӣ медорад. Шоир баъд аз бозгашт ба Балх мавриди ҳуҷуми иртиҷоиён қарор мегирад. Онҳо Носири Хусравро ба бадмазҳабӣ муттаҳам менамоянд ва халқро бар зидди ў мешўронанд. Шоир маҷбур мешавад, ки ба кӯҳистони Бадахшон рў биёрад ва дар Юмгондара пинҳон шавад. Вафоти ў дар соли 1088 дар ҳамон ҳо иттифоқ афтодааст.
Носири Хусрав марди пурмутолиаву пуркор будааст. Аз ин рў, аз худ осори зиёд боқӣ гузоштааст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: «Девони ашъор», «Сафарнома», «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кушоиш ва раҳоиш», «Рўшноинома», «Саодатнома» ва ғайра. Воқеан, шоир ба забони арабӣ низ девон доштани худро борҳо дар шеърҳояш ёдовар шудааст.
Носири Хусрав адиб ва мутафаккири мубориз, миллӣ, инсондўст, адолатҷў, озодихоҳ, худшинос ва дар орзуи ташкили давлати миллӣ аст. Ба ҳокимони золими Ғазнавӣ ва Салҷуқиёни мутаассибу хунхор нафрат меварзад, онҳоро «гургони биёбонӣ» меномад.
Ў аз фурўпошии давлати миллии Сомониён ва рўи кор омадани давлатҳои бегонатабор, ки Хуросонро ба хоку хун кашидаву мардумро қатлу овораю саргардон кардаанд, афсўс мехўрад ва бо сароњат эълом медорад:
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон.
Носири Хусрав шоир ва андешаманди ҳассос, кунҷков, пажўҳанда, беқарор, ноором, сафаркарда, гурбатдида, мубориз, эътирозгар, амирситез, исёнгар, деҳқонситой, адолатхоҳ, инсондўст буда, руҳониёни зоҳирпараст, мардумфиреб, шоирони маддоҳ, дингароёни муқаллиду ҷоҳил, нотавонбинони хурофотӣ, афроди беҳувият, чоплусро, ки дар хидмати бегонагон қарор доштанд, дар осораш мазаммат менамояд. Мо дар тамоми осори ў ба ин гуна афкори ифшогароёна ва пешқадамона рў ба рў мешавем:

Эй зуҳдфурўшанда, ту аз қолу мақолӣ,
Бо маркабу бо зайъату бо сундусу қолӣ.
Гар зуҳд ҳамеҷўӣ чандин ба дари мир,
Чун медавӣ, эй беҳуда, чун аспи даволӣ…
Бузург нест, на доно ба назди ў, магар он-к
Амомаи қасабу асбу симу зар дорад.

Зимнан, бояд гуфт, ки Носири Хусрав идомадиҳандаи андешаву орои гузаштагони худ, бахусус Рўдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон буд. Аз ҷумла, таъсири барҷастаи афкори Фирдавсӣ дар тамоми осораш мушоҳида мешавад. Носири Хусрав, ба қавли донишманди фаронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тўсиро ба даст овард, хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста будаанд …».
Носири Хусрав ҳамчун шоири масъул, дорои ғурури миллию инсонӣ амали ғайриинсонии подшоҳону ҳокимон, ки аз номи дини ислом анҷом медоданд, фошу маҳкум менамояд. Ин қазияро дар мисоли кишварситонӣ, қатлу куштори Маҳмуд, ки ба номи ғазо дар Ҳинд сурат гирифтааст ва ба ғаразҳои шахсию сиёсии ў вобаста мебошад, воқеъбинона ба қалам медиҳад:
Он, к-ӯ ба ҳиндувон шуд, яъне, ки гозиям,
Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.
Носири Хусрав, ки шоири озода, дўстдори фарҳангу адаб ва забони миллист, забони модариаш (тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ)-ро аз ҷону дил дўст медорад. Он барояш аз дурру гавҳар ҳам болотар аст, бинобар ин, мегӯяд:
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам,
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
Албатта, ин гуна арҷгузорӣ ба забони модарии худ ва дар муқобили шоирони чоплус, ки онро дар ситоиши ҳокимони аҷнабӣ истифода мекарданд, қарор гирифтани шоир ва ситоиш аз он аз масъулияту ҷасорати камназири ў дарак медиҳанд.
Агарчи Носири Хусрав аз дасти бегонагон, мутаассибон, аҳли хурофот азобу машаққатҳои зиёд мекашад, овораву саргардону ғариб мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ умеду орзуро аз даст намедиҳад, балки бовар дорад, ки рўзе озодагон боз давлати худро аз истилогарон ва бегонагон бозпас мегиранд, соҳиби давлати миллии худ мешаванд.
Носири Хусрав шоире ҳақҷўю ҳақгўю нотарс аст. Хусусан дар бозтоби ҳимояи манфиатҳои миллӣ тавоност. Мо камтар шоиреро мешиносем, ки дар замони бедавлатӣ бо чунин ҷуръат афкори миллӣ, ватандўстона гуфта бошад ва дар як лаҳзаи ҳассосу мушкили таърихи халқу кишварамон ба инъикоси ҳақиқат пардохта, кору амали подшоҳону ҳокимони бегона ва мутаассибони дину аҳли хурофотро ифшо карда, ба муқовимат бар зидди неруҳои зиддимиллӣ, ки тавассути истило ва табаддулот ҷилави кишварро аз дасти озодагон гирифтаву онҳоро ночиз карда буданд, бархезад, бо як ҷасорати фавқулода ба дифои руҳу андешаи миллӣ иқдом намояд, бо суханони оташину ҷанговаронааш ба майдон барояд, таслими душман нашавад ва паёми ҳақиқат ба ҳаммиллатони хеш бигўяд:
Ҳаргиз нашавам бо коми душман,
То бар тани хеш комгорам.
Носири Хусрав ба ақл ва ҳастӣ арҷ мегузорад. Ў ба тағйирёбанда будани дунёи моддӣ, истиқлолияту абадият, аз рўи қонуни инкишоф амал кардан, зоҳиран дигаргун шудан, аммо ҷавҳарро нигаҳ доштани он, ки муҷиби тараққии илмҳои дунявӣ мегардад, қоил аст. Ин назария ва мавқеи мутараққии шоир имкон медиҳад, ки пеши ҷаҳолату нодонӣ гирифта шавад, хираду дониш биафзояд, ратсионализм ё ақлгароӣ дар ҷомеа ҳокимият кунад ва ривоҷу равнақ ёбад. Бо ибораи дигар, Носири Хусрав такомули моддӣ ва маънавии инсонро дар ақлу хиради ў мебинад, ки ин, албатта, афкори пешқадам ва мусбат мебошад. Ин андешаи шоирро пешрафтҳои ҷаҳони муосир, ки мо бо чашми сар мебинем, ба исбот мерасонанд. Маҳз аз файзи ақлу хирад аст, ки одам оламро тағйир медиҳад, инсон аз мавҳумоту хурофоту аҷзу бечорагӣ рў ба созандагӣ, ободгарӣ меорад:
Озод шавад ба ақл банда
В-обод шавад ба ақл вайрон…
Кори хирад аст бозҷустан,
Аз ҳосили халқу чархи даврон.
Дар ҳақиқат, Носири Хусрав, ки шоири ақлгаро аст, ба қувваи ақл бовар дорад. Бинобар ин, дар осораш, бавижа девони ашъораш, ҳамвора аз он ситоиш менамояд:
Хирад аст он, ки туро банда шудастанд бад-ў,
Ба замин шеру палангу ба ҳаво бошаву боз.
Маълум аст, ки Носири Хусрав дар замоне мезист, ки давлати миллии тољикон аз байн рафта буд, онҳо ҳеҷ гуна неруи сиёсӣ барои мубориза бо бегонагон ва ба даст гирифтан қудрат надоштанд. Биноан, ақлу хирад ягона силоҳи муборизаи эшон маҳсуб мешуд. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр,
Ақлу хирад бас аст сипоҳу сипар маро.
Носири Хусрав дар осораш ҳамон қадар, ки аз ақлу хирад ситоиш менамояд, ба ҳамон андоза илму донишро низ васф мекунад, зеро ақлу хирад, илму дониш мисли ду боли як парандаанд, ки бидуни онҳо наметавонад парвоз кунад, ављ бигирад. Ақлу хирад ва илму дониш барои инсон низ ҳамин мартабаро доранд. Башар ҳам бидуни ақлу хирад ва илму дониш наметавонад зиндагиашро сару сомон бахшад, ҳаёташро шукуфо созад ва дар шодмонию шодкомӣ бизияд.
Мавзуи худшиносӣ дар маркази диққати шоир қарор дорад. Ў ҳам дар қасида ва ҳам дар маснавиҳояш ин мавзуъро дунбол мекунад ва ба мардум дарси хештаншиносӣ, худогоҳӣ, аз аслу ҷавҳари худ воқиф шудан, барои чӣ ба ин дунё омадан, чӣ гуна масъулияту вазифа доштанро медиҳад. Чунончи:
Чунин гуфтанд, рав, бишнос худро,
Тариқи куфру дину неку бадро…
На баҳри хобу хўрдт ҳамчу ҳайвон,
Барои ҳикмату илмӣ чу инсон.
Носири Хусрав, ки марди воқеъгаро, донишманду огоҳ аст, ба афсонаву нақлу ривоёт кам гароиш дорад. Бинобар ин, ў ҳамеша далел талаб мекунад, шоњид меҷўяд, то ба воқеияту ҳақиқат даст ёбад. Воқеан, ў аз зарбулмасали «шунидан кай бувад монанди дидан» батакрор ва ба шакли мухталиф дар осораш истифода намуда, афроду ашхос ва руҳониёни манфиатҷӯ аз ояту ҳадисро маҳкум мекунад:
Макун бовар суханњои шунида,
Шунида кай бувад монанди дида.
Агар бо дидаӣ, нодида машнав,
Ту бурњон хоҳ, бар тақлид маграв.
Чӣ гўӣ, к-ин ривоят мекунад он,
Зубайр аз Холиду Холид зи Салмон…
Талаб кун аслу бурҳону далоил,
К-аз ў равшан шавад рамзи авоил…
Ў, хусусан ба аҳли хурофот ва суханони эшон эътиқод надорад:
Далел аз ҳуҷҷату чуну чаро кун,
Нахустин мартабат фавқ-ус-само кун…
Сухан кам гўй, кам кун ин хурофот,
Мақомот асл дорад, на мақолот.

Маҳз худшиносӣ, ислоҳи ахлоқ ва пок кардани дил ба Носири Хусрав имкон медиҳад, ки худро аз расмиятҳои динӣ наҷот бидиҳад ва дар сафи қаламкашони озодандешу вораста қарор гирад. Ҳамин аст, ки ў ҷаннатро бо ахлоқи нек ва дӯзахро ахлоқи бад дар ин олам тафсир мекунад.
Носири Хусрав аҳли ҷаҳлу хурофотро ҳамвора ҳадафи тири маломати хеш қарор медиҳад ва дурӣ аз ин гурўҳро тақозо менамояд:
Манигар сўи он касе, к-аз забон-ш
Ҷуз хурофоту фаря надрояд.
Маълум аст, ки ағлаби мардум аҳкоми динро кўр-кўрона иҷро менамоянд, ба маънои он сарфаҳм намераванд. Масалан, «Қуръон» мехонанд, намоз мегузоранд, рўза мегиранд, аммо моҳияти онҳоро дарк наменамоянд. Носири Хусрав дар ин абёти худ ба ҳамин маънӣ ишора менамояд:
Аз хондани чизе, ки бихонию надонӣ,
Ҳаргиз нашавад ҳосил чизет ҷуз афғон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *