Санаи 21 августи соли 2026 дар толори муассисаи таълимии рақами 9 машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Дар машварат раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлони устод Чупон Бадалов, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони шуъбаи маориф, собиқадорон, омӯзгорон ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.
Машварати августӣ ба баррасии натиҷаҳои соли таҳсили 2025-2026, арзёбии дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва муайян намудани вазифаҳои асосии соҳаи маорифи ноҳия дар соли нави таҳсил бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи соҳаи маориф пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия вобаста мебошад.
Раиси ноҳияи Панҷ зимни суханронӣ дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳияро таҳлил намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.
Дар идомаи машварат як қатор омӯзгорон ва дигар фаъолони соҳаи маориф барои дастовардҳои назаррас бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикситон, Сипосномаи раиси вилояти Хатлон, Сипосномаи раиси ноҳия, Ифтихорномаи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди устувори соҳа ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ҷамъбаст гардид.

