
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, рӯзи 23 июни соли 2026 соати 08 :00 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегардад ва масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
– рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 10 январи соли 2023,✓26 қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июли соли 2022✓208 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022,✓203, “Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” ;
-ҳисоботи сардори нозироти андози ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022✓535 “Дар бораи номгӯи соҳаҳои афзалиятноке,ки ба онҳо имтиёзҳои андозӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои иловагӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд”.
-Масъалаҳои ҷорӣ:
а) Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилон дар ҳавзаҳои интихоботии ✓15,16 ва 27.
б) Дар бораи тағийрот даровардан ба замимаи 1-и қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 13 марти соли 2025, ✓5 “Дар бораи тасдиқи Низомнома, номгӯй ва ҳайати нави комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ”.
в) Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия дар давраи иҷлосияҳои панҷум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ .
Шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.
