Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ПАНҶ ДАР ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БОҒИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

 Санаи 14 июни соли 2026 дар муассисаи давлатии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Панҷ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён Акмал Комилзода ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали чорабини меҳнаткашон ва ҳунармандони ноҳия ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро маърази тамошо ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд
Раиси ноҳияи Панҷ мардумро бо рӯзҳои фарҳангии ноҳия дар шаҳри Душанбе табрик намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанберо барои дар сатҳи баланд ва мусоидат намудан дар баргузории чорабинии мазкур бо сипосномаҳои мақомотииноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабини ба хотири болидарӯии сокинони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои дилнишин пешниҳод намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *