Кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шуморо ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш табрик намуда, ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори осуда, бахту саодат, комёбиҳои нав ва умри пурбаракат таманно менамоем. Бигзор ҳар рӯзи зиндагӣ барои Шумо саршор аз шодиву хушбахтӣ, меҳру муҳаббат ва дастовардҳои арзанда бошад.
Орзумандем, ки дар фаъолияти касбӣ ба қуллаҳои баланди муваффақият расида, дар ҳалқаи аҳли оила ва дӯстону наздикон ҳамеша аз эҳтиром, муҳаббат ва хушрӯзӣ бархӯрдор бошед.
Зодрӯз муборак! Ба Шумо тандурустӣ, иқболи нек ва тамоми орзуҳои неку накӯро таманно дорем.
Бо эҳтиром аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
