Имрӯз, 28 апрел таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят,роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои марбут баргузор гардид.
Дари раванди ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Иҷрои Дурнамои кишти пахта, аз ҷумла кишти зери плёнка, кишти картошка , ҷамъоварии ҳосили пиёз мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамзамон масъалаи ба ҳисоботи электронӣ ворид намудани маълумот дар шакли 1-ФХД (фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ) ҳарчи зудтар ба низом дароварда шавад.
Дар ҷаласа фаъолияти Ситоди мубориза бар зидди малах мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки бояд ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки ба масъалаи парвариш ва ҷамъоварии пилла, омодаги ба кишти такрории зироатҳо, вусъати корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷӯҳи хоса хоса зоҳир карда шавад.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзизода Б.К.

