Хабарҳо

ВОХУРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ АСПРЕСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОЗОДАГОНИ НОҲИЯ .

Имрӯз таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. бо сокинон ва фаъолони деҳаи Аспреси Ҷамоати деҳоти Озодагон бобати рушди маҳал, махсусан сохтмони иншоотҳои ичтимоӣ дар деҳа сӯҳбату вохӯри баргузор намуд.
Қайд карда шуд, ки мо имрӯзҳо дар яке аз санаҳои муҳими таърихи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин замина ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарастро мебоист барои ободии ин диёри азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар ҳудуди ноҳия сохтмони иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад. Дар ин деҳа низ барои тарбияи насли наврас муассиси томактабӣ бо ташаббусӣ соҳибкорон ва фаъолон бунёд карда мешавад. Ин ташаббус аз ҷониби кулли сокинони ин деҳа дастгирӣ карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *