Санаи 7 феврали соли 2026 бо ҷалби сокинони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони ноҳия дар мавзеи Сомонии Ҷамоати деҳоти Намуна бобати шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ ҳашари дастаҷамъи ташкил карда шуд.

Последние записи
МУАЛЛИМИ МАН
Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. […]
КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ.
Санаи 9 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси сокинони деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвар барои таъмиру азнавсозии пули мошингузари деҳа ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд. Мардуми деҳа бо як завқи баланди созандагву бунёдкорӣ пули мошингузари деҳаро азнавсози намуданд.
Доғи сиёҳ дар таърихи миллат Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.

