
Последние записи
КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ.
Санаи 9 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси сокинони деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвар барои таъмиру азнавсозии пули мошингузари деҳа ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд. Мардуми деҳа бо як завқи баланди созандагву бунёдкорӣ пули мошингузари деҳаро азнавсози намуданд.
Оила – иттиҳоди аввалини ҷомеа
Тавре ба ҳамагон маълум аст, оила асоси ҷомеа, хурдтарин ячейкаи иттиҳоди одамон мебошад, ки аз падар модар бародару хоҳар, бобокалону модаркалон ва дигар аъзоён иборат аст. Барои рушди оила дар мамлакати мо ҳамеша ва пайваста ғамхорӣ карда мешавад. Маҳз ба ҳамин мақсад санадҳои дорои аҳамияти калони ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи оила», […]
Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон бо мардум
Ба наздикӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир тибқи супориш ба ноҳияи мо омада, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо оростанд. Дар ин вохӯриҳо Раҳмонзода Зоир мақсаду муҳтавои баргузории чунин […]
